Дар маҳалла зиёда аз 3,6 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Оилаҳое, ки дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд, аз замин самаранок истифода мебаранд. Солҳои охир дар доираи барномаи «Ҳар як оила соҳибкор» паррандапарварӣ, токпарварӣ, хоҷагиҳои гармхонаӣ ташкил карда шуданд. Инчунин дар ҳудуди маҳалла корхонаи дӯзандагӣ, мағозаҳои хӯрокворӣ ва устохонаҳо мавҷуданд.
Соли гузашта бинои нави маркази маҳалла сохта, кӯчаҳо таъмир карда, токзорҳо барпо карда шуданд.
Корҳо оид ба таъмини шуғли аҳолӣ ва ташкили самараноки фароғати ҷавонон дар ҳаёти ин маҳалла ҳис карда мешаванд. Дар ин бора паст будани дараҷаи бекорӣ, инчунин факти соли гузашта дар ин ҷо ба қайд гирифта нашудани ягон ҷиноят шаходат медиҳад.
Сарвари давлатамон ба хонаи сокини маҳаллӣ Диёр Мамадалиев ташриф овард.
Чунон ки маълум аст, дар вилояти Андиҷон аҳолӣ зич ҷойгир шудааст. Мутаносибан, талабот ба манзил зиёд аст. Аз ҷумла, дар хонаи Мамадалиевҳо панҷ оила зиндагӣ мекунанд. Аз ин рӯ, оила розӣ шуд, ки дар асоси таҷриба дар ҳавлӣ хонаҳои васлшаванда сохта шаванд. Чунин конструксияҳо хароҷоти калонро талаб намекунанд, дар зимистон гарм ва дар тобистон салқинанд, ғайр аз ин сохтани онҳо душвор нест.
Президент аҳли хонадонро бо манзили нав табрик намуда, аз тарҳи биноҳо ва масолеҳи сохтмонии истифодашуда пурсон шуд.
– Манзил яке аз ниёзҳои асосии инсон аст. Дар сохтмони манзил, ки ба манфиати халқамон хидмат мекунад, ҳам давлат ва ҳам соҳибкорон саъю кӯшиши зиёд доранд. Чунин манзилҳои арзон низ барои он зарур аст, ки мардум барои қонеъ кардани ниёзҳои оилаҳои камбизоат интихоби васеъ дошта бошанд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Доир ба тавсеаи ин лоиҳа, маҳаллисозии масолеҳи сохтмонӣ, ки дар он истифода мешавад, дастурҳо дода шуданд.