Президент бо шароити Хонаи меҳрубонӣ шинос шуд

    Ҳукумат 28 Iyul 2021 5417

    Президент Шавкат Мирзиёев 28 июл аз Хонаи меҳрубонии рақами 21 дар шаҳри Тошканд дидан кард.

    Дар ин муассиса 122 кӯдак, аз ҷумла 47 ятим ва 75 ятими иҷтимоӣ тарбия мегиранд. Дар хонаи кӯдакон мураббиён, равоншиносон, логопедҳо ва дефектологҳои баландихтисос кор мекунанд. Маҳфилҳои робототехника, арифметикаи менталӣ, сартарошӣ, қаннодӣ, дӯзандагӣ мавҷуданд. Бачаҳо ғайр аз мустаҳкам намудани саломатӣ дар сексияҳои варзишӣ дар мусобиқаҳои миллӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, ғолибони ҷоиза мегарданд.

    Сарвари давлат бо шароити дар ин ҷо муҳайёшуда шинос шуда, машғулоти кӯдаконро аз назар гузаронд.

    - Мақсади ташрифи имрӯзаи мо мулоқот бо шумо ва беҳтар намудани шароит барои ҳамаи тарбиягирандагон, фароҳам овардани муҳити таълимии ба қадри имкон ба оила наздик мебошад. Мо барои шумо имкониятҳо фароҳам меорем, то ки шумо баробари ҳама маълумот гиред, дар донишгоҳҳо таҳсил кунед, соҳиби касб шавед, соҳиби манзил ва кор шавед, дар ҳаёт ҷойгоҳи сазовор пайдо кунед. Бидонед, ки шумо падару модар ва Ватан доред. Давлат ҳеҷ гоҳ шуморо беэътибор намегузорад», - гуфт Президент.

    Дар Хонаи меҳрубонӣ шароити намунавӣ фароҳам оварда шудааст. Аммо кори инфиродӣ бо кӯдакон, роҳнамоии касбии хонандагон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Ҳеҷ як идорае нест, ки ба қадамҳои аввалини тарбиягирандагони болиғ ба ҳаёти мустақил, гирифтани маълумоти олӣ ва шуғли онҳо мусоидат кунад.

    Ба ин муносибат сарвари давлат пешниҳод намуд, ки Гвардияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба тамоми хонаҳои меҳрубонӣ ва мактаб-интернатҳои махсус вобаста карда шавад.

    - Ин муассисаҳо сарпарасти моддӣ доранд, ҳоло ба як сарпарасти маънавӣ ниёз доранд. Ин амали хуб ва зарурист, - гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Дар мамлакати мо 16 Хонаи меҳрубонӣ ва 4 шаҳраки кӯдакон мавҷуданд. Дар онҳо 1 823 нафар писарону духтаронро тарбия мегиранд. Дар 86 мактаб-интернати махсус 21 363 нафар кӯдакон таҳсил мекунанд. Муайян карда шуд, ки ба тариқи таҷриба Гвардияи миллӣ барои фаъолияти ин муассисаҳо масъул хоҳад буд. Супориш дода шуд, ки услуби таълими махсус ва тарбияи ватандӯстии кӯдакон фароҳам оварда шавад. Аҳамияти рушди қобилияти кӯдакон тавассути ҳамкории хонаҳои бачаҳо ва мактаб-интернатҳои махсус бо ташкилотҳои илмӣ, бадеӣ ва варзишӣ қайд гардид.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates