Дар ҷамъомад масъалаҳои таъмини устувории вазъи экологӣ, аз ҷумла коркарди партовҳо муфассал баррасӣ гардида, ҳисоботи шахсони масъул оид ба омодагӣ ба мавсими зимистон шунида шуд.
Дар оғоз ҳисоботи Комиссияи махсус оид ба беҳтарсозии вазъи экологӣ дар шаҳри Тошканд шунида шуд. Чораҳо оид ба мубориза бо ифлосшавии ҳаво, муайян ва бартараф кардани манбаъҳои ифлоскунанда муҳокима шуданд.
Қайд гардид, ки рӯзҳои охир таъсири антисиклонҳои хунук дар қаламрави кишвар афзоиш меёбад. Дар натиҷа фишори атмосфера баланд шуда, ҳарорат паст ва падидаҳои инверсионӣ бештар мешаванд. Дар чунин шароит зарраҳои майда ба боло ҳаракат намекунанд ва дар қабатҳои поёнии ҳаво ҷамъ мешаванд. Таъкид гардид, ки бинобар шароити метеорологӣ тозашавии табиии атмосфера суст мегардад.
Дар бораи корҳое, ки барои муайян кардани манбаъҳои ифлосшавии ҳаво ва маҳдуд кардани фаъолияти онҳо анҷом дода шудаанд, маълумот пешниҳод гардид. Аз ҷумла, дар хоҷагиҳои гармхонаӣ, майдонҳои сохтмонӣ, воситаҳои нақлиёт ва иншооти фаъолияти ғайриқонунӣ дошта санҷишҳо гузаронида шуданд; чораҳои стабилизатсионӣ, аз қабили намнок кардани кӯчаҳо, тоза кардани ҷӯйборҳо ва ба кор даровардани фаввораҳо амалӣ гардида истодаанд. Рейдҳо ва корҳои профилактикӣ ба таври қатъӣ идома доранд.
Президент супориш дод, ки ин чораҳоро на танҳо дар пойтахт, балки дар тамоми минтақаҳо низ идома дода, қонуншиканиҳои ошкоргардида фавран бартараф ва назорати қатъӣ аз тамоми омилҳои ба сифати ҳаво таъсиррасон таъмин карда шавад.
Лоиҳаҳои истеҳсоли нерӯи барқ аз партовҳои маишӣ ба маблағи 933 миллион доллар дар шаш вилоят — Андиҷон, Намангон, Фарғона, Самарқанд, Қашқадарё ва вилояти Тошканд оғоз гардидаанд, аммо дар дигар минтақаҳо пешрафти ҷиддӣ мушоҳида намешавад. Дар лоиҳаҳои оғозёфта таъмини сармоягузорон бо инфрасохтор — роҳҳо, барқ ва обтаъминкунӣ ба сатҳи зарурӣ ташкил нашудааст.
Ба ҳокимиятҳои вилоятҳо ва Кумитаи миллии экология супориш шуд, ки камбудиҳоро бартараф кунанд ва соли оянда чунин лоиҳаҳоро дар минтақаҳои боқимонда низ ба роҳ монанд.
То соли 2030 кам кардани миқдори полигонҳои партовҳои сахти маишӣ ба андозаи 50 фоиз ба нақша гирифта шудааст. Солҳои охир фаъолияти 47 полигон қатъ гардида, корҳои рекултиватсия анҷом дода шуданд, ки дар натиҷа 243 гектар замин ба табиат баргардонида шуд.
Аммо аксари 132 полигони амалкунанда то ҳол бо панҷаҳои муҳофизатӣ, «камарбанди сабз», низоми обтаъминкунӣ ва иншооти бехатарии экологӣ таъмин нестанд.
– Ин ҳолат ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонад ва норозигии аҳолиро ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ, полигонҳои партовҳои сахти маишӣ бояд ба минтақаҳои ҳои аз ҷиҳати экологӣ бехатар табдил дода шаванд. Пеш аз ҳама, мо бояд қаноатмандии мардумро дар ин соҳа таъмин кунем. Ба ин масъала танҳо ҳамчун идоракунии партовҳо не, балки ҳамчун самте, ки бо саноат, энергетика ва фарҳанги экологӣ сахт алоқаманд аст, бояд муносибат кард, – таъкид намуд Президент.
Ба роҳбарони масъул супориш дода шуд, ки заминҳои 47 полигони рекултиватсияшударо ба гардиши хоҷагӣ ворид намуда, дар он ҷо «минтақаҳои сабз» таъсис диҳанд ва лоиҳаҳои нави сармоягузориро амалӣ намоянд. Дар атрофи ҳамаи полигонҳои амалкунанда бояд «камарбанди сабз» ташкил карда шавад: дар нисфи объектҳо баҳор, нисфи дигар тирамоҳ шинонидани дарахтону ниҳолҳо анҷом дода шаванд.
Аз соли 2026 барои ин корҳо ҳамасола аз буҷет на кам аз 150 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.
Дар ду соли охир сатҳи коркарди партовҳои саноатӣ ва хатарноке, ки пештар коркард намешуданд, то 4,5 фоиз расонида шуд. Ин нишондиҳанда нокифоя дониста шуд. Супориш дода шуд, ки ҷойҳои пайдоиш ва захираи партовҳои саноатӣ ва хатарнок пурра инвентаризатсия карда шаванд ва ҳадди аққал барои ҳар кадом як лоиҳаи коркард ва безараргардонии онҳо роҳандозӣ гардад. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки барои назорати партовҳои хатарнок платформаи ягонаи иттилоотию мониторингӣ таъсис дода шавад.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки дар таъмин намудани аҳолӣ бо гази моеъ бо шартҳои имтиёзнок то ҳол камбудиҳо вуҷуд доранд ва ҳолатҳои дуздӣ ба қайд гирифта мешаванд. Ба системаи «Ҳудудгазтаъминот» супориш шуд, ки чунин ҳолатҳоро бартараф созад, бо ҳар як ноҳия мувофиқан кор карда, мушкилоти аҳолиро ҳал намояд. Супориш дода шуд, ки шабакаҳои фарсудаи барқ ва трансформаторҳои аз ҳад зиёд сарборидошта пурра инвентаризатсия шуда, кори устувори онҳо таъмин карда шавад.
Муқаррар карда шуд, ки дар 1800 километр шабакаҳои барқӣ таъмир ба таври нокифоя анҷом ёфтааст. Ба Прокуратураи генералӣ супориш дода шуд, ки ин ҳолатҳоро омӯзад ва риояи қатъии қонунро таъмин намояд, «Энергоинспекция» бошад , фаъолияти назорати худро бо усулҳои нав бозсозӣ карда, дар реҷаи фавқулода корро ба роҳ монад.
Зарурати таъмин намудани дастрасии бетаъхири захираҳои энергетикӣ ба аҳолӣ дар фасли зимистон махсус таъкид гардид.
Масъалаҳои алоҳидаи бехатарии сӯхтор низ баррасӣ шуданд.
Қайд гардид, ки зарур аст вазъи бехатарии сӯхтор дар беш аз 44 ҳазор бинои бисёрошёнаи кишвар пурра мавриди омӯзиш қарор дода, низоми вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода бояд ба хатарҳои эҳтимолӣ омода бошад.
Ҳамчунин зарурати ворид кардани талаботи қатъӣ ба қонунгузорӣ таъкид шуд, ки истифодаи маводи зудоташгирандаро дар деворҳои берунии биноҳо манъ менамояд. Дар ин робита, лоиҳаи қонуне пешниҳод карда шуд, ки қоидаҳои сохтмонӣ ва қоидаҳои бехатарии сӯхторро дар биноҳои бисёрошёна бо амалияи байналмилалӣ мутобиқ созад ва масъулияти шахсони мансабдорро тақвият диҳад.
Масъалаҳои ҳамоҳангсозии кори хадамоти коммуналӣ ва такмил додани низоми вокуниши фаврӣ дар ҳолатҳои изтирорӣ баррасӣ гардиданд. Бо такя ба таҷрибаи мавсими гузашта супориш шуд, ки гурӯҳҳои корӣ аз рӯи ноҳияҳо дар саросари ҷумҳурӣ ташкил карда шаванд, тамоми хизматрасониҳои коммуналӣ ва ширкатҳои идоракунандаи хизматрасонӣ ба низоми диспетчерии Вазорати ҳолатҳои фавқулода ҳамгиро карда шаванд ва корҳои профилактикии хона ба хона пурзӯр гарданд.












