Барои татбиқи лоиҳа дар маҳаллаи Юксалиши ноҳияи Давлатобод ва маҳаллаи Етикони вилояти Турақӯрғон 1 371 гектар замин ҷудо карда шуд. Сохтмони 410 бинои бисёрошёна, 7 мактаб, 4 кӯдакистон, инчунин бисёр иншооти инфрасохторӣ ба нақша гирифта шудааст.

Кор дар болои лоиҳа кайҳо оғоз шуда буд, марҳилаи аввали он корҳои созандагӣ дар маҳаллаи Юксалиш буд, ки дар доираи он солҳои 2018-2021 71 бинои бисёрошёна қомат афрохта, минтақаҳои хурди саноатии “Юксалиш”, “Ёшлар” ва “Кушон” таъсис дода шуданд. То охири соли равон боз 11 хонаи дигар сохта мешавад.

Марҳилаи дуюми лоиҳа солҳои 2022-2024 ба нақша гирифта шудааст. Нақшаи генералӣ аз ҷониби ширкати туркии "Studio Vertebra" таҳия шудааст.

Ба сарвари давлат дар бораи нақшаи генералӣ маълумот дода шуд. Ҳамин тариқ, дар марҳилаи дуввум дар ҳудуди холии майдонаш 588 гектар манзилҳои 16 ва 24-ошёна бо 30 ҳазор квартира, мактабу кӯдакистонҳо, беморхона, маҷмааҳои варзишӣ, толори тӯй, масҷид, китобхона, IT-парк, меҳмонхона, маркази тиҷорат, объектҳои савдо ва хизматрасонӣ сохта мешаванд.

Ба ғайр аз ин дар 95 гектар майдон боғи " Ўзбекистони Нав" ташкил карда мешавад. Шавкат Мирзиёев бо лоиҳаи боғ шинос шуд.

Комплекс, ки соли 2022 ба анҷом мерасад, боғи гул, кӯли сунъӣ, фаввораҳо, амфитеатри дорои 1500 ҷойи нишаст, таваққуфгоҳ ва мағозаҳоро дар бар мегирад.

Марҳилаи сеюми лоиҳа барои солҳои 2024-2026 пешбинӣ шудааст. Пас аз анҷоми сохтмони ин шаҳраки "оқил" барои зиндагӣ, кор ва истироҳати аҳолӣ ҳама шароит фароҳам оварда мешавад. Дар натиҷа дар соли 2026 Намангон ба шаҳри миллионафара табдил меёбад.