Роҳбари давлат дар хонаводаи сокини ин маҳалла Абдунабӣ Абдунасимов буд ва дар он ҷо ба шароити зист ва фикрҳои оила таваҷҷӯҳ намуд. Абдунабиота дар соҳаи тандурустӣ меҳнат карда, аз ҳамин ҷо ба нафақа баромадааст. Ӯ ва ҳамсараш Гулчеҳра панҷ фарзандро ба воя расонданд. Ҳоли ҳозир онҳо дар муҳити ғамхорӣ ва гарми атрофиён, фарзандону наберагон ва аберагон зиндагӣ дорад.
Собиқадорони меҳнат дар бораи ҳаёти оилаи худ, тағйироти куллие, ки дар солҳои охир ба амал меоянд, нақл намуданд.
– Пештар принсипи «давлат, ҷамъият, инсон» вуҷуд дошт. Ҳоло «инсон, ҷамъият, давлат» мегӯем, яъне арзиши инсонро дар ҷойи аввал мегузорем. Тамоми мақомоти иҷроияи ҳокимият, маҷмӯи иқтисодӣ дар наздикии халқ меҳнат карда, ба он ёрӣ мерасонад. Ҳамзамон худи инсон низ бояд бекор нашинад, балки аз шароит босамар истифода барад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Пас аз он Президент бо намояндагони аҳли зиё ва фаъолони маҳалла самимона суҳбат намуд. Онҳо дар бораи тағйиротҳо дар мамлакат, дар соҳаҳои иқтисодиёт нақл намуданд, ки дар ҳар қадам, дар ҳар шаҳру ноҳия эҳсос мегардад.
– Ба туфайли кӯшишамон солҳои охир дар ҳокимиятҳо буҷаҳои маҳаллӣ ба вуҷуд омаданд. Пеш ин хел набуд, – гуфт Президент. – Ҳоло ба нақша гирифтем, ки дар маҳаллаҳо буҷа таркиб ёбад. Тасаввур кунед, маҳалла то чӣ андоза тағйир меёбад, агар маблағи худро дошта бошад – роҳҳоро таъмир мекунад, об мегузаронад, бунгоҳҳо мекушояд. Минбаъд ба маҳалла пул меояд ва талаб низ дигаргун мешавад.
Солхӯрдагон бо орзуи сулҳ ва шукуфоии мамлакатамон даст ба дуо кушоданд.