Президент ба корхонаи муштараки ноҳияи дурдаст ташриф овард

    Ҳукумат 27 Avgust 2021 5119

    Дар рафти сафар ба вилояти Навоӣ Президент Шавкат Мирзиёев инчунин ба ноҳияи дурдасти Томдӣ ташриф овард. Сарвари давлат бо фаъолияти заводи коркарди партовҳои техногении Комбинати маъдани кӯҳии Навоӣ шинос шуда, бо мардум суҳбат кард.

    То истиқлолиятро ба даст овардани мамлакатамон Комбинати маъдани кӯҳии Навоӣ ду завод дошт ва дар солҳои минбаъда чор заводи гидрометаллургӣ сохта шуд. Дар натиҷа ҳаҷми коркарди маъдан се баробар ва ҳаҷми истеҳсол ду баробар афзуд. Ҳаҷми кандани массаи кӯҳӣ табиатан афзуда, миқдори зиёди партовҳо ҳосил мешаванд.

    Корхонаи нав ба гирифтани тилло аз коркарди партовҳои техногенӣ ихтисосонида шудааст. Аз ин рӯ, онро заводи ҳафтуми гидрометаллургӣ меноманд.

    Мувофиқи барномаи рушди Комбинати маъдани кӯҳии Навоӣ то соли 2026 татбиқи 27 лоиҳа ба маблағи 3,4 миллиард доллар ба нақша гирифта шудааст. Дар байни ин лоиҳаҳо заводи нав ҳаст.
    Корхона бо арзиши умумии 200 миллион доллар қодир аст дар як сол 15 миллион тонна партовҳои техногениро коркард карда, беш аз 7 тонна тилло тавлид кунад. Ҷолиби диққат аст, ки то соли 2040 партовҳо барои ин мақсадҳо кофӣ хоҳанд буд.

    Ҳангоми сохтмон конструксияҳои сабук ва технологияҳои каммасраф истифода шуданд. Истеҳсоли бисёр хелҳои таҷҳизот ва комплектҳое, ки пештар аз хориҷа оварда мешуданд, маҳаллӣ карда шуд. Онҳо дар сехҳои заводи мошинсозии Навоӣ ва сехҳои раёсатҳои маъдани кӯҳӣ истеҳсол карда мешаванд. Дар раванди коркарди партовҳои кимёвӣ ҷузъҳои ватанӣ низ истифода мешаванд.

    Ҳамаи ин омили муҳими минбаъд кам кардани хароҷот мебошад. Дар корхона беш аз 1100 нафар мутахассисони ҷавон – хатмкунандагони Донишкадаи давлатии маъдани кӯҳии Навоӣ ва сокинони маҳаллӣ кор мекунанд.

    Президент бо ҷамоаи завод, намояндагони ҷомеа ва ҷавонони вилояти Томдӣ суҳбат кард.

    – Дар тӯли чор соли охир ҳаҷми корҳо оид ба азхудкунии сарватҳои зеризаминии мо 30 фоиз афзуд. Ба саноатамон технологияҳои нави пешқадам ворид гардиданд. Аз ҳама муҳимаш, насли мутахассисон, ки қодиранд дар чунин корхонаҳои замонавӣ кор кунанд, ташаккул меёбанд. Аз ин рӯ, шумо барои давлатамон сарвати қиматбаҳотарин ба ҳисоб меравед, – гуфт Шавкат Мирзиёев ба ҷавонон.

    Дар ин ҷо тақдимоти лоиҳаҳое, ки дар Комбинати маъдани кӯҳии Навоӣ татбиқ мегарданд, ба амал омад.

    Сарвари давлат инчунин бо журналистон суҳбат карда, дар бораи самарабахшии иқтисодии корхонаҳои имрӯз ба кор даровардашуда, нақшаҳои рушди саноати ватанӣ сухан ронд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates