Президент аз омӯзишгоҳи олии ҳарбии авиатсионӣ боздид намуд

    Ҳукумат 24 Fevral 2023 7336

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Шавкат Мирзиёев ба Омӯзишгоҳи олии ҳарбии авиатсионӣ ташриф овард.

    Омӯзишгоҳ соли 1994 таъсис ёфтааст. Аммо дар Ҷиззах, ки қаблан он ҷо воқеъ буд, барои таҷрибаомӯзии лётчикҳо шароити кофӣ вуҷуд надошт.

    Сарвари давлат соли 2018 зимни боздид аз фурудгоҳи ҳарбии Хонободи вилояти Қашқадарё пешниҳод карда буд, ки аз имконоти аэродром барои омодасозии лётчикҳои ҳарбӣ самаранок истифода баранд. Ҳамин тариқ Омӯзишгоҳи олии ҳарбии авиатсионӣ соли 2019 ба шаҳри Қаршӣ кӯчонда шуд. Корпусҳои таълимиву тамринӣ бо дастгоҳи машқкунии замонавӣ, таҷҳизот ва технологияҳои иттилоотӣ муҷаҳҳаз гардонда шуданд.

    Ин ба курсантҳо имкон медиҳад, ки дар аэродроми Хонобод оид ба идоракунӣ ва хидматрасонӣ ба самолётҳои ҳарбӣ машғулот пеш баранд. Инчунин бевосита дар майдончаҳои тамринӣ иштирок кунанд. Маркази омӯзиши пеш аз парвозӣ ва иттилоотиву захиравӣ, лабораторияҳои таълимӣ аз рӯи чор ихтисос барои баланд бардоштани сатҳи касбии лётчикҳои ҳарбӣ хидмат мекунанд.

    Дар ихтиёри курсантҳо марказҳои фарҳанг барои 120 ҷой, хобгоҳ барои 400 ҷой, ошхона, майдони омодагии ҳарбӣ ва шаҳраки варзишӣ мавҷуданд. Дар айни ҳол дар ин ҷо 276 нафар курсантҳо таҳсил мегиранд.

    Президент бо шароити мактаб шинос шуд. Дар суҳбат бо ҷавонон дар баробари ихтисос азхуд кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои замонавӣ таъкид гардид.

    – Мудофиаи ҳар як давлат тавоноии онро нишон медиҳад. Мудофиаро шумо барин ҳарбиёни соҳибмаълумот, мақсаднок, боирода, муҳандисон ва лётчикҳо таъмин менамоянд. То ки ба ин унвон муносиб гардед, шумо бояд ба таври доимӣ хонед, дар болои худ кор кунед ва маҳорататонро ҳамаҷониба сайқал диҳед, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Сарфармондеҳи олӣ бо курсантҳо дар ошхонаи омӯзишгоҳ таом хурд. Машғулотҳои варзишӣ ва таълимиро мушоҳида намуд. Дар осмони болои омӯзишгоҳ бо иштироки самолётҳои қиркунанда, ҳуҷумкунанда, ҳавопаймоҳои нақлиётӣ ва вертолётҳои ҷангӣ парвози намоишии авиатсияи ҳарбӣ барпо гардид.

    Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки бо назардошти чолишҳои дар ҷаҳон мушоҳидашаванда мудофиаи зиддиҳавоиро боз ҳам мустаҳкам кунанд, васлкунии озмоишии аппаратҳои бесарнишини парвозкунанда ба роҳ монда шавад. Зарурати такмил додани фаъолияти омӯзишгоҳ бо дарназардошти ин омилҳо, татбиқи барномаҳои замонавии таълимӣ бо муассисаҳои хориҷӣ зикр гардид.

    No date selected
    October 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates