Бинои мактаб, ки ҳанӯз соли 1979 сохта шудааст, кӯҳна гаштааст. Аз сабаби теъдоди ками синфҳо он ҳамагӣ 250 нафар хонандаро ғунҷонда метавонад.
Сифати таълим, баръакс, намунавист. Ҷамоа метавонад бо нишондодҳои баланди дохил гардидани хатмкунандагонаш ба мактабҳои олӣ ва мактабҳои махсус ифтихор намояд.
Гузашта аз он, дар атроф иморатҳои иқоматии нав сохта шуда, сокинон зиёд мегарданд, ки бинобар ин талаб ба таълими мактабӣ меафзояд.
Президент таъкид кард, ки дар ҷойи ин муассиса барпо намудани мактаби замонавӣ барои 1,5 ҳазор ҷой мувофиқи матлаб аст.
– Маҳз кадрҳо мақсадҳоеро ба амал татбиқ мегардонанд, ки мамлакатамон дар пеши худ мегузорад. То он ки мо обрӯи муаллимро бардошта, таълимро ба маҷрои дуруст наандозем, натиҷа ба даст намеояд. Аз ин рӯ, дар панҷ соли наздик Барномаи нави таъмир ва тармими мактабҳо қабул мегардад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Роҳбари давлат бо муаллимони мактаб суҳбат намуд. Онҳо пешниҳодотро дар бобати беҳсозии таълими мактабӣ ва рағбатноксозии муаллимон иброз намуданд.
Дар ҳамин ҷо чорабиниҳо ба рушди низоми таълими ҳамагонӣ дар вилояти Сурхондарё муҳокима гардиданд. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар минтақа 96 ҳазор ҷойи иловагии хонандагон ба вуҷуд оварда шавад. Барои ин 21 мактаб ва биноҳои нав дар 358 мактаб сохта шуда, 116 мактаб таъмир хоҳад гардид. Ташкил намудани 19 мактаби омӯзиши амиқи технологияи иттилоотӣ, математика, кимё ва биология ба нақша гирифта шудааст.