Президент бо корҳое, ки дар соҳаи бехатарии ҷамъиятӣ ба амал бароварда мешаванд, шинос шуд

    Ҳукумат 7 Iyun 2024 2730

    Президент Шавкат Мирзиёев 7 июн ба Маркази мутобиқсозӣ ва мониторинги Департаменти бехатарии ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ ташриф овард.

    Марказ дар доираи Стратегияи рушди низоми таъмини бехатарии ҷамъиятӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис дода шудааст. Маҷмааи пурра таъмиршуда ва замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда шуда, моҳи марти соли ҷорӣ ба фаъолият оғоз кардааст.

    Марказ платформаи ягонаи иттилоотӣ мебошад, ки равандҳои таъмини бехатарии ҷамъиятиро фаро мегирад. Дар ин ҷо бо истифода аз технологияҳои рақамӣ вазъият дар ҷойҳо ва ҳаракати кормандон таҳлил карда мешавад. Аз ҷумла, фаъолияти беш аз 10 ҳазор нозирони профилактикӣ дар шаш самт назорат ва арзёбӣ карда мешавад.

    Дар ин бобат барномаи «Е-бехатарии ҷамъиятӣ», «Е-вазъияти иҷтимоӣ», инчунин низоми ягонаи иттилоотии хидмати бехатарии ҳаракати роҳ, пешгирии ҳуқуқшиканӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳамгароии беш аз 6 ҳазор камераҳои назоратии «оқил» мусоидат мекунанд.

    Илова бар ин, дар марказ барои нозирони профилактикӣ, кормандони хидмати роҳу патрул ва патруливу дидбонӣ ва хидмати пробатсия омӯзиши фосилавӣ анҷом дода мешавад. Ба воситаи ислоҳ кардани рӯйдодҳои оммавӣ қабул намудани қарорҳои дуруст ва зудтар вокуниш нишон додан дар ҳолатҳои ғайриоддӣ омӯзонда мешавад.

    Дар рафти сафар сарвари давлат ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, таъкид дошт, ки кормандон бояд технологияҳои олиро хуб донанд.

    Дар айни ҳол дар тамоми соҳаҳо нақши технологияҳои интеллекти сунъӣ баланд мегардад. Дар баробари осон кардани зиндагӣ ва кори одамон онҳо ҳарчи бештар ба воситаи киберҷинояткорӣ ва қаллобӣ табдил меёбанд. Барои пешгирӣ кардан, ошкор намудан ва кушодани ин гуна ҷиноятҳо кормандони корҳои дохилӣ бояд боз ҳам пешқадамтар бошанд.

    Аз ин рӯ, ба ин марказ ректорони муассисаҳои таълими олии назди мақомоти қудратӣ даъват шуданд. Таъкид гардид, ки аз ин нуқтаи назар нақшаҳои таълимро такмил дода, таълими дусамтаро ҷорӣ намуда, ба воқеияти ҳаёт мувофиқ будани фаъолияти таълимӣ ва илмӣ таъмин карда шавад.

    Вазифа гузошта шуд, ки дар Вазорати корҳои дохилӣ сохтори истифодаи таҷҳизоти бесарнишин таъсис дода шавад. Оид ба пурзӯр гардондани пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини бехатарии чорабиниҳои оммавӣ супоришҳои иловагӣ дода шуданд.

    Дар Стратегияи бехатарии ҷамъиятӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 29 ноябри соли 2021 тасдиқ шудааст, пешбинӣ гардидааст, ки соҳаи рақамисозӣ то охири соли 2025 то 90 фоиз расонда шавад. Дар рафти сафар ба сарвари давлат аз рафти ин корҳо иттилоъ дода шуд.

    Раванд дар се марҳила амалӣ карда мешавад. Дар марҳилаи аввал мушкилот омӯхта шуда, дар марҳалаи дуюм дар асоси ин тадқиқот мутахассисон ва барномаҳо омода карда шуданд. Аз ҷумла, 66 низоми иттилоотӣ ва модулҳо таҳия карда шуданд. Бо онҳо 77 низоми иттилоотиии вазорату идораҳо, инчунин 25 низоми иттилоотии Вазорати корҳои дохилӣ муттаҳид карда шуданд. Кормандони зершуъбаҳои бехатарии ҷамъиятӣ бо зиёда аз 18 ҳазор планшетҳо таъмин карда, барои истифодаи самараноки дастгоҳҳои рақамӣ омӯзонда шуданд.

    Дар натиҷа 155 ҳисобот, 37 амалиёти коргузорӣ, қариб 100 феҳрист ва маводҳои ҷамъшуда ба шакли рақамӣ гузаронда шуданд. Ин имконият дод, ки 213 миллиард сӯм сарфа карда шавад.

    Дар марҳилаи кунунии сеюм мақсади таъсис Маркази коркарди маълумот, ба таври васеъ ҷорӣ намудани интеллекти сунъӣ дар соҳа ва маҳаллисозии таҷҳизот гузошта шудааст.

    Дар ин ҷо технология ва барномаҳои замонавӣ, ки дар низоми корҳои дохилӣ истифода мешаванд, низ намоиш дода шуданд.


    No date selected
    June 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates