Ба шарофати муҳити мусоиди барои сармоягузорон фароҳам овардашуда, саҳми бахши хусусӣ дар иқтисодиёт босуръат афзоиш меёбад. Сармояҳои мустақим ҷалб гардида, лоиҳаҳои ояндадори саноатӣ, сохтмонӣ, тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ амалӣ мешаванд.
Яке аз чунин лоиҳаҳо маҷмааи "High Town City" мебошад, ки дар ноҳияи Юнусободи пойтахт сохта шудааст. Ин иншооти бисёрсоҳа маркази савдову фароғатӣ, маркази тиҷоратӣ, меҳмонхона ва маҷмааҳои муосири истиқоматиро дар бар мегирад. Барои татбиқи он 510 миллион доллар сармояи хориҷӣ равона шудааст.
Сарвари давлат бо шароити дар марказ фароҳам овардашуда шинос шуд. Дар бинои чорқабата мағозаҳо, аз ҷумла бутикҳои брендҳои машҳур, ресторану қаҳвахонаҳо, минтақаҳои фароғатӣ, майдончаҳои варзишӣ ва кинотеатрҳо ҷойгир шудаанд. Дар қисми таҳхонаи маҷмаа таваққуфгоҳи автомобилӣ ташкил гардидааст.
Ин маҷмаа метавонад дар як рӯз то ба 5 ҳазор нафар хизмат расонад. Инфрасохтори он ба тавре тарҳрезӣ шудааст, ки мардум на танҳо харид кунанд, балки имконияти истироҳати бароҳат ва машғул шудан бо варзишро низ дошта бошанд. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳа 1,5 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё гардид.
Президенти кишвар аҳамияти иқтисодии иншоот ва қулайии он барои аҳолиро таъкид карда, зикр намуд, ки дастгирии сармоягузорон ва соҳибкорон яке аз самтҳои стратегии сиёсати давлатӣ боқӣ хоҳад монд. Ӯ ҳамчунин оид ба рушди брендҳои миллӣ ва тавсеаи ҳузури онҳо дар бозорҳои хориҷӣ дастурҳо дод.
Дар маркази савдо мағозаи барҳавои китоб кушода шудааст. Шавкат Мирзиёев ин ташаббусро мусбат арзёбӣ карда, пешниҳод намуд, ки мағозаҳои хурди китобфурӯшӣ дар метро ва толорҳои интизорӣ низ ташкил карда шаванд.
Ҳангоми боздид аз минтақаи бозӣ Президент бо кӯдакон самимона суҳбат кард. Ӯ таъкид намуд, ки тамоми кӯшишҳои имрӯза барои ояндаи кишвар равона шудаанд ва муҳим аст, ки кӯдакон таҳсили босифат гирифта, қобилиятҳои зеҳнӣ ва эҷодии худро ривоҷ диҳанд.
Дар доираи маҷмаа дар ояндаи наздик сохтмони меҳмонхонаи 24-ошёнаи панҷситорадор ба нақша гирифта шудааст. Он дорои 250 ҳуҷра буда, метавонад ҳамзамон 430 меҳмонро қабул намояд. Ҳамчунин дар меҳмонхона толорҳои муосири конфронсӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, ресторанҳо ва мағозаҳо ҷойгир карда мешаванд.
Ба сарвари давлат лоиҳаи сохтмони хонаҳои нави истиқоматӣ, ки дар ҳамин минтақа бунёд хоҳанд шуд, муаррифӣ гардид. Тибқи лоиҳа, дар ин ҷо 28 бинои бисёрошёна бо 1,5 ҳазор хонаи истиқоматӣ сохта мешавад. Ҳавлии маҷмаа комилан минтақаи пиёдагардону сабз ва барои мошинҳо баста хоҳад буд. Ҳамчунин, сохтмони кӯдакистон, майдончаҳои бозӣ, корти теннис ва таваққуфгоҳи зеризаминӣ пешбинӣ шудааст. Тамоми минтақа бо Wi-Fi фаро гирифта шуда, дар биноҳо лифтҳои беҳад ором насб мегарданд.
Лоиҳаҳои рушди нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла тавсеаи шабакаи метро низ баррасӣ гардиданд.
Тавре маълум аст, қаблан идомаи хати метрои Тошканд то Заводи тракторсозии Тошканд ба нақша гирифта шуда буд. Сарвари давлат супориш дод, ки лоиҳаҳои қаблан пешниҳодшуда бозбинӣ гардида, вариантҳои алтернативӣ пешниҳод карда шаванд.
Тибқи лоиҳаи нави таҳияшуда, аз истгоҳи "Буюк Ипак Йўли" то Заводи тракторсозии Тошканд 10 истгоҳи нав бунёд хоҳад шуд. Ин хатсайр 30 маҳалларо фаро гирифта, барои 148 ҳазор сокини шаҳр имконияти мусоиди нақлиётӣ фароҳам меорад.
Илова бар ин, дар доираи лоиҳаи нав дар ноҳияи Бектемир сохтмони хонаҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ, иншооти тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ дар наздикии дарёи Чирчиқ ба нақша гирифта шудааст. Дар натиҷаи ин иқдом раванди урбанизатсияи ноҳия суръат пайдо карда, маркази нави шаҳрӣ арзи вуҷуд хоҳад кард.