Президент дар Андиҷон бо корҳои созандагӣ шинос шуд

    Ҳукумат 18 Iyun 2021 9153

    Пас аз ҷамъомад сарвари давлат бо корҳои созандагии Андиҷон ва муаррифии лоиҳаи нав шинос шуд.

    Нахуст аз маркази ахбору китобхонаи вилоятии ба номи Бобури Андиҷон дидан карда шуд.

    Бинои мазкур соли 1965 сохта шудааст, солҳои охир фарсуда шуда, имсол таҷдид гардида, аз таъмири куллӣ бароварда шудааст. Асоси анбори зеризаминии китобҳо ва утоқҳои махсус бо бетон мустаҳкам карда шуд. Бинои сеошёна намуди замонавӣ гирифта, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Фонди китоби китобхона зиёда аз 872 ҳазор нусхаро ташкил медиҳад.

    Президент бо шароити дар марказ муҳайёшуда шинос шуд.

    -- Ин макон бояд маркази маънавияти вилояти Андиҷон бошад. Таҳсили фарзандонамон сармоягузорӣ ба оянда аст. Аз ин рӯ, бояд ба ин ҷо бештар ҷавононро ҷалб карда, самарабахширо баланд бардошт, -- гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Зарурати ҷудо кардани маблағ барои пур кардани фонди китобхонаҳо, "пайвастани" марказ бо мактабҳо ва донишгоҳҳо, баргузории озмунҳо дар ин ҷо оид ба таърихи Андиҷон, эҷодиёти шоирон, ба мисли Бобур, Чӯлпон, Муҳаммад Юсуф зикр гардид.

    Дар маркази ахбору китобхона 68 нафар коргарон ва мутахассисон кор мекунанд. Президент дастур дод, ки онҳо аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ иловагӣ ҳавасманд карда шаванд.

    Сипас Шавкат Мирзиёев бо лоиҳаи сохтмони кӯпрук дар қад-қади кӯчаи Бобури Андиҷон шинос шуд.

    Сохтмони ин бино дар асоси таҷрибаи Самарқанд бо истифода аз усули монолитӣ ба нақша гирифта шудааст. Кӯпрук аз болои вокзали марказии роҳи оҳан гузашта, ду қисмати шаҳрро ба ҳам мепайвандад. Дарозии пул тақрибан 700 метрро ташкил медиҳад.

    Ба шарофати бунёди кӯпрук, ки орзуи деринаи сокинони андиҷониён аст, ронандагон маҷбур намешаванд 5 километри иловагиро тай кунанд, вақт дар роҳ бошад 25 дарсад коҳиш меёбад.

    Сарвари давлат лоиҳаро тасдиқ намуда, ба масъулин дастур дод, ки маблағҳои дахлдорро ҷудо кунанд.

    Президент инчунин аз боғи гул дар вилояти Андиҷон дидан кард.

    --Ин ҳам зебоӣ, ҳам даромад ва тарбияи завқ аст, -- гуфт Шавкат Мирзиёев. -- Бояд дар ҳар ноҳия чунин боғҳоро ташкил кард, ба занон парвариши гулро омӯзонд. Ин шуғл ва манбаи даромади занонеро, ки ба "дафтари занон" дохил карда шудаанд, таъмин менамояд.

    Бо ҳамин сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вилояти Андиҷон ба охир расид.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates