Нуқтаи аввали барномаи сафар хоҷагии фермерии «Пахтакор элита уруғчилиги»-и ноҳияи Пахтакор гардид. Майдони хоҷагӣ 100 гектарро ташкил медиҳад. Дар 80 гектари он пахта ва ғалла, дар қисми боқимонда соя, сир ва юнучқа кошта мешаванд.
Дар ҷараёни сафар ба вилояти Сирдарё, ки моҳи октябри соли гузашта ба вуқӯъ пайваст, роҳбари давлат бобати истифодаи самарабахши заминҳо бинобар саҳро ва сохтмони хонаҳои саҳроӣ баҳри мусоидати фермерон ва коргарон супоришҳо дода буд. Натиҷаи ин корҳоро метавон дар хоҷагии мазкур мушоҳида кард. Дар шафати боғҳои саҳроӣ ниҳолҳои тут, ангур, зироатҳои полизӣ ва лӯбиёӣ кошта шудаанд. Аз маводи сабук хонаи саҳроӣ бунёд гардида, дар боми он панелҳои офтобӣ устувор карда шуданд.
Президент аз хонаи мазкур боздид ба амал овард ва бо оилаи фермер суҳбат кард.
Дар мулоқот бо шахсони масъули сектори хоҷагии қишлоқ ва роҳбарони кластерҳои пахтаву бофандагӣ бобати баланд бардоштани ҳосилнокӣ, таъмини шуғли аҳолӣ супоришҳо дода шуданд.
– Мо барои чӣ сарвати худ – заминро ба кластерҳо додем? Ба сабаби он ки ин заминҳо барои беҳбуди мардум истифода шаванд. Минбаъд кластерҳо бояд ба ислоҳот мусоидат намоянд ва сиёсати давлат бинобар коҳиш додани бекорӣ дар минтақаи худӣ аз ҳисоби саноатикунонидани хоҷагии қишлоқ, кушодани корхонаҳо ва дастгирӣ намудани хонакорӣ татбиқ шаванд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Тавре ки маъум аст, дар мамлакати мо ба шаҳрвандони бекор қитъаҳои замин барои ба роҳ мондани кишоварзӣ пешниҳод шуданд. Ин чорабинӣ бояд беш аз 13 ҳазор ҷавононро дар вилояти Ҷиззах бо кор таъмин намояд.
– Замоне ба одамон ҷудо карда додани ҳатто 1 гектар замин ғайриимкон буд. Ҳоло бошад мо 200 ҳазор гектарро барои ин мақсад ҷудо кардем. Чаро? То ки замин манбаи даромад баҳри мардум бошад. Акнун натиҷа аз кори хуби ҳар ду ҷониб вобаста аст, – гуфт роҳбари давлат.
Бобати таъмин сохтани манфиатдории фермерон, татбиқ намудани нуқтаҳои пешрафти маҳаллаҳо супоришҳо дода шуданд.