Президентҳои Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Ҷумҳурии Корея азми худро ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии махсуси стратегӣ тасдиқ карданд

    Ҳукумат 14 Iyun 2024 1311

    Дар қароргоҳи "Кўксарой" мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Ҷумҳурии Корея Юн Сок Ёл дар доираи маҳдуд ба амал омад.

    Дар оғози суҳбат сарвари давлатамон меҳмонро самимона хайрамақдам гуфта, ӯро ба 32-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ ва панҷсолагии муносибатҳои шарикии махсуси стратегии Ӯзбекистону Корея самимона табрик гуфт.

    Дар рафти мулоқот масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, технологӣ ва дигари афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Корея аз ҷумлаи шарикони пешрафтаи тиҷоратӣ ва сармоягузории Ӯзбекистон мебошад. Соли гузашта гардиши мол ба 2,5 миллиард доллар расида, ҳаҷми сармоягузории Корея аз 7,5 миллиард доллар гузашт. Шумораи сайёҳон афзоиш меёбад, Тошканд ва Сеулро ҳафтае 10 парвози ҳавоӣ мепайвандад.

    Дар бораи ташаккули модели нави шарикӣ барои истифодаи самараноки иқтидор, муайян намудан ва пешбурди лоиҳаҳои бузурги кооператсия дар соҳаи технологияҳои баланд мувофиқа ҳосил шуд.

    Ба инкишофи пурсамари мубодилаи маданию гуманитарӣ баҳои баланд дода шуд. Дар ҷумҳурӣ 4 филиали мактабҳои олии пешқадами Корея бомуваффақият амал мекунад. Дар навбати худ, дар Кореяи Ҷанубӣ беш аз 11 ҳазор донишҷӯёни ӯзбекистонӣ таҳсил мегиранд.

    Хонаи фарҳанги Корея, Клиникаи серсоҳаи кӯдакона, Боғи Сеул ва кӯчаи Сеул дар Тошканд ба рамзи ҳақиқии дӯстӣ ва шарикӣ табдил ёфтанд.

    Президентҳо аҳамияти дастгирии минбаъдаи мутақобила дар доираи созмонҳои байналмилалиро қайд карданд.

    Инчунин оид ба масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла дар формати «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» табодули афкор сурат гирифт.

    Ба роҳандозии робитаҳои зич дар соҳаи амният ва мудофиа, аз ҷумла оид ба мубориза бо киберҷиноятҳо, терроризм ва ифротгароӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.


    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates