Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки парлумонҳо дар пешбурди шарикии стратегӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Ҷопон нақши муҳим доранд. Намояндагони Палатаи мушовирон дар ҷаласаи ҷашнии 150-уми Иттиҳоди байнипарлумонӣ, ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, иштироки фаъол доштанд.
Ба дастгирии ташаббусҳои парлумонии ҷавонон, аз ҷумла баргузории Форуми вакилони ҷавони парлумонии Ӯзбекистон ва Ҷопон, инчунин иштироки ҳайати ҷопонӣ дар Конфронси ҷаҳонии вакилони ҷавони парлумонӣ, ки соли 2026 дар Самарқанд баргузор мегардад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд.
Ҳамчунин аҳамияти мусоидати ҳамаҷонибаи парлумонҳо ба татбиқи амалии тавофуқоти дар сатҳи олӣ, пеш аз ҳама дар самтҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, молиявӣ, сармоягузорӣ-технологӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ бадастомада таъкид карда шуд.