Имрӯз дар донишгоҳ зиёда аз 25 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд. Дар таркиби донишгоҳ Донишкадаи агробиотехнология ва бехатарии озуқаворӣ, Донишкадаи физикаи муҳандисӣ, Пажӯҳишгоҳи туркшиносӣ ва донишкадаи биокимиё  ташкил карда шудаанд.

Донишкадаи  биокимиё имсол дар базаи факултетҳои биология ва кимиёи донишгоҳ ташкил карда шуд. Баъди корҳои азими сохтмон барои донишкада 7 корпуси нав қомат рост кард. Инҳо 2 корпуси таълимӣ барои зиёда аз ҳазор ҷой, маҷлисгоҳ, гармхона, виварий, виварий-лабораторияи тадқиқоти биологӣ, гербарий-лабораторияи тадқиқоти ботаникӣ, ошхонаи донишҷӯён мебошанд. Ҷолиби диққат аст, ки олимони ҳар ду соҳаи илм имкони дар як ҷо тадқиқот гузаронданро фароҳам оварданд. Ин корро дар бобати ба ҳамдигар пайвастани инноватсияҳои биологӣ ва кимиёвӣ ба зинаи нав мебарорад.

Сарвари давлат шароити синфхонаҳо, гармхона ва лабораторияҳои илмиро аз назар гузаронд. Бо профессорону муаллимон суҳбат кард.

Тадқиқотчиён дар бораи нақшаҳои ба вуҷуд овардани навъҳои нави доруҳои интихобии зидди саратон дар асоси трансформатсияи кимиёвии доруҳои онкологӣ нақл намуданд.

Президент оид ба ташкили коромӯзии хориҷӣ барои кормандони донишкада, коркарди маҳсулоти дорусозӣ ва кимиёвӣ, ба вуҷуд овардани навъҳои нави пахта, ангур ва гандум супоришҳо дод.

Ҳоло дар донишкадаи биокимиёвӣ  аз рӯи 8 самти таълим 2,8 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил мегиранд. Дар маҷмӯъ дар донишгоҳ 12 лабораторияи илмӣ ва 67 лабораторияи таълимӣ фаъолият дорад.