Президент Шавкат Мирзиёев: “Туркманистон барои мо – дар минтақа шарики боэътимод ва асосӣ”

    Ҳукумат 14 Iyul 2022 4578

    Президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Сердар Бердимуҳамедов дар қароргоҳи Кўксарой дар ҳайати маҳдуд мулоқот анҷом доданд.

    Роҳбари кишварамон меҳмони олиқадрро самимона истиқбол намуда, изҳори боварӣ намуд, ки мулоқоти имрӯза дар таърихи шарикии стратегии Ӯзбекистону Туркманистон саҳифаи нав боз мекунад.

    – Онҳо ба риштаҳои анъанавии мустаҳками дӯстӣ, некҳамсоягӣ, боварӣ ва дастгирии тарафайн асос ёфтаанд, – гуфт Президенти Ӯзбекистон.

    Сарвари давлат бори дигар Президенти Туркманистонро бо пирӯзии боварибахшаш дар интихоботи президентии моҳи марти соли равон табрик гуфт.

    – Халқи хирадманди туркман идомаи ислоҳоти густурда дар кишварро ҳамаҷониба ҷонибдорӣ намуда, ояндаи худро ба шумо бовар кардааст. Шубҳае нест, ки донишу таҷриба, нерӯ ва фазилати раҳбарии шумо имкон медиҳад, ки ҳамаи нақшаҳо амалӣ гарданд, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.

    Президенти Ӯзбекистон ҳамчунин саҳми бебаҳои Раиси Маҷлиси Миллии Маслаҳати Халқи Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедовро дар расидан ба сатҳи баландтарини муносибатҳои Ӯзбекистону Туркманистон ва таҳкими ҳамсоягии нек дар минтақаи Осиёи Марказӣ қайд намуд.

    Сарвари давлатамон динамикаи мусбати тамоми доираи ҳамкориҳои дуҷонибаро, ки дар солҳои охир бо талошҳои муштарак ба даст омадааст, бо қаноатмандӣ қайд кард.

    – Мехоҳам таъкид намоям, ки Туркманистон барои мо шарики боэътимод ва калидӣ дар минтақа аст. Мо ҷонибдори рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба ҳастем, ният дорем, ки шарикии стратегиро бо ҳамсояи наздикамон аз ҳар ҷиҳат таҳким бахшем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Президенти Туркманистон барои меҳмоннавозӣ ва истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, саломи гарму ҷӯшони Раиси Маҷлиси Миллии Маслаҳати Халқии Туркманистонро расонд.

    – Шумо якҷо бо Гурбангулӣ Мяликгулиевич пояи муносибатҳои дуҷонибаро пайваста бунёд ва таҳким бахшидед, заминаи мустаҳками сиёсиву ҳуқуқии ҳамкориҳоро ба вуҷуд овардед. Сафари кунунии давлатии мо ба он нигаронида шудааст, ки ба шарикии стратегӣ такони нав бахшад ва итминон дорам, ки мо метавонем ба ҳадафҳои худ ноил шавем, – гуфт Сердар Бердимуҳамедов.

    Сарони давлатҳо дар ҷараёни мулоқот дурнамои ҳамкориҳои Ӯзбекистону Туркманистонро баррасӣ карда, ба тавсеаи равобити тиҷоративу иқтисодӣ, афзоиши тиҷорати мутақобила, татбиқи лоиҳаҳои ҳамкориҳои саноатӣ ва истифодаи имкониятҳои нақлиётию транзитӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

    Ҷонибҳо иқтидори бузурги роҳандозии ҳамкориҳои байниминтақавиро қайд карданд.

    Инчунин оид ба масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт. Муҳимияти таҳкими фазои боварӣ, ҳамсоягии нек ва шарикӣ, ки дар Осиёи Марказӣ ташаккул ёфтааст, таъкид гардид.

    Сердар Бердимуҳамедов Президенти Ӯзбекистонро даъват кард, ки дар ҳар вақти барояш мувофиқ бо ташрифи ҷавобӣ аз Туркманистон боздид ба амал оварад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates