Президент Шавкат Мирзиёев бо раиси Маслиҳати Халқии Шӯрои Миллии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов вохӯрд

    Ҳукумат 21 Oktabr 2022 4746

    Дар доираи сафари расмӣ ба Туркманистон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо раиси Палатаи болоии Парлумони ин мамлакат Гурбангулӣ Бердимуҳамедов мулоқот кард.

    Роҳбари кишвари мо махсус таъкид сохт, ки ислоҳоти васеъмиқёси иҷтимоиву иқтисодие, ки ба онҳо Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ибтидо гузошта буд, барои бунёди Туркманистони муқтадир пойдевори мустаҳкам гардиданд.

    – Алҳол Туркманистони бародарӣ дар пояи ҳифзи ягонагии миллӣ ва анъанаҳои таърихиву фарҳангӣ муттасил ривоҷ меёбад. Ин дар тамоми ҷаҳон сазовори баҳои баланд гардид, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.

    Саҳми шахсии Гурбангулӣ Бердимуҳамедов дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва некҳамсоягии байни ду кишвар ва халқи бародар, ҳамчунин хулосаҳои онҳо дар сатҳи амиқсозии шарикии стратегӣ махсус қайд гардид.

    Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки алоқаҳои ӯзбекистониву туркманистонӣ воқеан намунаи шарикии байни давлатӣ ба шумор мераванд, ки дар онҳо масъалаҳои ҳаллу фаслнашуда нестанд.

    Дар вохӯрӣ доираи васеи масалаҳои ҳамкории дуҷониба, ҳамкориҳои тарафайн дар соҳати минтақавӣ ва байналхалқӣ ҳамаҷониба муҳокима гардиданд.

    Қайд шуд, ки мулоқоти байнипарлумонӣ омили муҳими қаробати минбаъдаи ду халқ мегардад.

    – Мо бояд минбаъд низ имкониятҳои ҳамкории тарафайни байнипарлумониро барои мониторинги иҷрои муоҳидаҳои дараҷаи олӣ самарабахш истифода бубарем, – изҳор дошт Шавкат Мирзиёев.

    Дар анҷоми мулоқот Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ба Шавкат Мирзиёев сагбачаи насли алабайро, ки халқи туркман ба он эҳтироми хосса дорад, тӯҳфа кард.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates