Президент ба ҳамоиши СҲШ рафт

    Ҳукумат 16 Sentabr 2021 3216

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 16 сентябр барои иштирок дар чорабиниҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба пойтахти Тоҷикистон Душанбе рафт.

    Дар ин ҳамоиш сарони кишварҳои узв, кишварҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ, роҳбарони ҳайатҳои созмонҳои байналмилалӣ иштирок хоҳанд кард.

    Дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳо фаъолияти созмон дар 20 соли охир ва натиҷаҳои раёсати Тоҷикистон баррасӣ шуда, вазифаҳои таъхирнопазири ҳамкориҳои бисёрҷониба мавриди муҳокима қарор мегиранд. Аз рӯи масъалаҳои сиёсати ҷаҳонӣ ва рӯзномаи минтақавӣ мубодилаи афкор сурат мегирад.

    Дар назар аст, дар поёни ҳамоиш Эъломияи Душанбе қабул ва як қатор санадҳои дигар ба имзо расанд. Воқеаи муҳим гузариши раисии ШҲТ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон хоҳад буд.

    Ҳамчунин баргузории мулоқот дар шакли "СҲШ-СААД" дар назар аст.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates