Президент бо фермерони Сурхондарё суҳбат кард

    Ҳукумат 13 Mart 2023 5517

    Президент Шавкат Мирзиёев ба хоҷагии фермерии «Камола Камолбек Қуюн»-и ноҳияи Жарқўрғон ташриф овард.

    Хоҷагӣ 45 гектар замин дорад. Имсол аз ҳар гектар рӯёндани 70 сентнерӣ дон ва 40 сентнерӣ пахта пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо 35 кас доимӣ ва мавсимӣ кор мекунад.

    Сарвари давлатамон бо рафти рушди зироаткорӣ шинос шуда, аз навъҳои кишти гандуму пахта, ҳосилнокии онҳо пурсон шуд.

    — Чаро мо такроран мегӯем, ки хоҷагии қишлоқ ба илму навоварӣ ниёз дорад? Пеш аз ҳама барои сифат ва ҳосилнокии меҳнат. Фермероне, ки барои гирифтани даромади бештар кӯшиш мекунанд, бояд бо роҳи ҷорӣ намудани комёбиҳои илм ҳосилнокии меҳнатро баланд бардоранд, — гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Чунон ки маълум аст, заминҳои аз пахта озодшуда ба аҳолии бекор барои рӯёндани ҳосили такрорӣ дода мешаванд. Дар хоҷагии фермерии «Камола Камолбек Куюн» низ ба 34 нафар шаҳрвандоне, ки дар «дафтарҳои» иҷтимоӣ қарор доранд, 20-25 сотихӣ замин чудо карда шуд. Онҳо сабзавот, картошка, пиёз, сабзӣ ва дигар зироатҳо кошта, аз ин даромади хуб мегиранд. Имсол ба боз 18 нафар шаҳрванд барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ 30 сотихӣ замин ҷудо карда мешавад.

    Сарвари давлат бо соҳибони чунин заминҳо суҳбат кард.

    — Ба аҳолӣ қитъаҳои замин ҷудо карда, барои гирифтани тухмӣ ва нуриҳои маъданӣ ёрӣ расонда мешавад. Фақат кор кардан боқӣ мемонад. Агар ҳар як оила барои тағйир додани зиндагии худ кӯшиш кунад, саъй намояд, камбизоатӣ ҳам, бекорӣ ҳам аз байн меравад, гуфт сарвари давлат.

    Қайд карда шуд, ки шароити иқлими Сурхондарё имкон медиҳад, ки дар як сол то се маротиба ҳосил гирифта шавад, танҳо ба аҳолӣ кумак расонидан ва манбаи даромад фароҳам овардан зарур аст.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates