Президент ба соҳибкорон: Ҳар яки шумо қаҳрамон ҳастед

    Ҳукумат 18 Avgust 2023 5157

    Дар Маркази конгрессҳои байналмилалӣ мулоқоти кушоди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо соҳибкорон баргузор гардид.

    Аввалин чунин вохӯрӣ 20 августи соли 2021 баргузор шуда буд. Бо пешниҳоди Сарвари давлат ин шакл анъана шуда, ин рӯз дар кишвари мо Рӯзи соҳибкорон муайян карда шудааст.

    Дар оғози мулоқоти имрӯза Президент Шавкат Мирзиёев соҳибкоронро бо ин ид табрик гуфта, ба онҳо эҳтиром ва орзуҳои нек изҳор намуд.

    – Соҳибкорон ҳамеша дар ҳар як кишвар як нерӯи бузург буданд. Дар Ӯзбекистон барои рушди иқтисодиёт, таъсиси ҷойҳои корӣ, коҳиши камбизоатӣ ва ободонии маҳаллаҳо тадбирҳо андешида мешаванд. Дар ин кор кӣ бештар саҳм мегузорад? Соҳибкорон! Ҳар яки шумо қаҳрамон ҳастед. Мо бо шумо фахр мекунем, – гуфт сарвари давлатамон.

    Қайд карда шуд, ки ба шарофати фароҳам овардани шароит соҳибкорӣ босуръат рушд мекунад. Дар як соли охир теъдоди соҳибкорони хурд 40 ҳазор нафар, миёна 2 ҳазор нафар, калон 400 нафар афзуд. Аз ҳисоби имтиёзҳои додашуда гардиши солонаи 155 корхона аз 100 миллион доллар гузашт. Ҳаҷми сармоягузории солонаи хориҷӣ бори аввал ба 10 миллиард доллар расид.

    Мутобиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 18 августи соли равон 44 нафар ҳамватанони мо, ки дар баланд бардоштани иқтидори иқтисодии кишвар ва некуаҳволии мардум хизмати шоиста намудаанд, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар чорабинӣ маросими ботантана супурдани ордену медалҳо ба соҳибонашон сурат гирифт.

    Инчунин, тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 17 август 126 нафар соҳибкорони фаъол бо нишони сарисинагии «Фаол тадбиркор» мукофотонида шуданд.