Солҳои охир ба соҳаи тандурустӣ 230 триллион сӯм равона карда шудааст. Аз ҳисоби ин маблағҳо дар минтақаҳо 187 поликлиника ва беморхонаи нав ба истифода дода шуда, 1 244 муассиса азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти муосир таъмин гардидаанд.
Дар натиҷа, иқтидори звенои ибтидоии тиббӣ 60 фоиз зиёд шуда, кумаки тиббӣ ба аҳолӣ хеле дастрас гардид. Зиёда аз 400 хидматрасонии ташхисӣ ва табобатии дорои технологияҳои баланд, ки қаблан танҳо дар пойтахт анҷом меёфтанд, ҳоло дар минтақаҳо низ амалӣ мешаванд. Ҷарроҳиҳои мураккаб дар марказҳои вилоятӣ, каминвазивӣ бошанд, дар сатҳи ноҳияҳо ҷорӣ карда шудаанд.
Бори аввал ҷарроҳии кӯчондани гурда дар 45 ноҳияи кишвар ба роҳ монда шуд.
Ин тағйирот аз ҷониби миллионҳо шаҳрванд эҳсос гардида, аз ҷониби сохторҳои байналмилалӣ низ баҳои баланд гирифтааст.
Раванди навсозии таълими тиббӣ идома дорад. Бар асоси се муассисаи олии тиббӣ Донишгоҳи давлатии тиббии Тошканд таъсис ёфта, фаъолияти Институти тиббии Урганҷ оғоз ёфтааст. Ҳашт донишгоҳи тиббӣ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштаанд, ки ин имкониятҳои тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси дорои дониш ва малакаҳои муосирро хеле васеъ намуд.
Ба шарофати беҳтар гардидани инфрасохтор, шумораи донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тошканд ба 29 864 нафар расид. Раванди таълим ба стандартҳои муосир мутобиқ гардонида шуда, рақамисозӣ босуръат идома дорад.
Ба Президенти кишвар дар бораи ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар низоми тандурустӣ маълумот пешниҳод гардид. Муассисаҳои тиббии тамоми кишвар бо ҳалли техникии муосир таъмин шуда, инфрасохтори ягонаи рақамӣ ташкил шудааст. Дар солҳои 2024–2025 зиёда аз 3 ҳазор муассисаи тиббӣ ба шабакаҳои маҳаллӣ пайваст гардида, пойгоҳи техникӣ навсозӣ шуд.
Ба Сарвари давлат ҳамчунин фаъолияти низоми ягонаи электронии иттилоотии тиббӣ — DMED намоиш дода шуд. Дар ин система маълумот дар бораи ҳолати саломатии зиёда аз 36 миллион шаҳрванди кишвар ҷамъоварӣ шудааст. Дар хизмати ёрии таъҷилӣ идоракунии электронӣ ҷорӣ гардида, вақти расидани гурӯҳҳои ёрии таъҷилӣ аз 25–30 дақиқа то 10–15 дақиқа кам шудааст. Дар ояндаи наздик хидмати «Онлайн-духтур» ба роҳ монда мешавад, ки имкон медиҳад шаҳрвандон масофавӣ машварати тиббӣ гиранд.
Низоми «Дорухати электронӣ» низ ба кор даромад, ки ба шарофати он ҳолатҳои таъини беасоси доруҳо 40 фоиз кам шуда, гардиши воситаҳои доруворӣ шаффофтар гардид. Ҳамаи маълумоти тиббӣ бо механизмҳои биометрӣ ҳифз карда мешаванд.
– Мо муассисаҳои муосири тиббӣ месозем, зеҳни сунъиро ҷорӣ мекунем, таҷҳизоти пешрафтаро меорем. Аммо муҳимаш он аст, ки ин тағйиротҳо то сатҳи поёнтарини низом расанд. Зарур аст, ки ҳар як корманди тиббӣ сатҳи малакаи худро баланд бардорад, дониш ва малакаи муосир гирад. Танҳо дар ин сурат мо натиҷаи дилхоҳ ба даст меорем, – гуфт Президент.
Ҳамчунин фаъолияти Маркази тандурустии рақамӣ муаррифӣ гардид, ки дар он кори ҳамаи муассисаҳои тиббӣ дар вақти воқеӣ (онлайн) назорат мешавад ва нишондиҳандаҳои марбут ба бемориҳои музмин ва саломатии аҳолӣ таҳлил мегарданд.
Президенти кишвар зикр кард, ки рақамисозии соҳаи тандурустӣ барои беморон қулайӣ, барои табибон самаранокӣ, барои давлат бошад, шаффофият ва сарфаи захираҳоро таъмин менамояд. Сарвари давлат дастур дод, ки ин кор бо суръати баландтар идома дода шавад.
Ҳангоми боздид, Сарвари давлат бо лабораторияҳои таълимӣ, ки бо истифодаи зеҳни сунъӣ фаъолият мекунанд, шинос гардид. Дар утоқҳои симулятсионии бахшҳои реаниматсия, тибби оилавӣ, ёрии таъҷилӣ, педиатрия, акушерӣ ва терапия донишҷӯён маҳоратҳои амалӣ меомӯзанд. Шароити фароҳамовардашуда ва нақшаҳои минбаъдаи рушд низ пешниҳод гардиданд.
Дар анҷоми боздид Президент Шавкат Мирзиёев ба масъулон супориш дод, ки тиббиёт ба мардум боз ҳам наздиктар гардад, сифати хизматрасониҳо баланд шавад ва истифодаи технологияҳои пешрафта густариш ёбад.












