Солҳои охир дар маҷмӯи "Tashkent city"-и биноҳои баландошёна қомат рост карданд. Ҳоло дар назди истгоҳи метрои «Пахтакор» маркази калони савдо сохта мешавад.
Сарвари давлатамон шароити ҳаракати пиёдагардон ва мошинҳоро аз назар гузаронд. Бо дарназардошти он, ки ҳаракати нақлиёт дар оянда танҳо афзоиш хоҳад ёфт, зарурати бунёди гузаргоҳ дар чорроҳаи кӯчаҳои Ботир Зокиров ва Навоӣ, беҳтар кардани бароҳати ҳаракати нақлиёт таъкид шуд.
Президент Шавкат Мирзиёев ба кӯчаҳои Навоӣ, Ойбек, Нуқус ташриф оварда, бо ҳолати инфрасохтори кӯча шинос шуда, бо одамон суҳбат кард.
Сипас, сарвари давлат сохтмони боз як иншооти муҳим - гузаргоҳи назди фурудгоҳи байналмилалии Тошкандро аз назар гузаронд. Бо мақсади беҳтар кардани роҳат ва баланд бардоштани иқтидор, купрук тавассути сохтани платформаи иловагӣ васеъ карда мешавад. Дарозии он 650 метр, бараш 30 метр хохад шуд. Воридшавӣ ва баромадҳо зарурати гардиши нақлиётро аз байн мебарад ва ҳаракатро осон мекунад.
Президент бо рафти сохтмон шинос шуда, зарурати кабудизоркунии гирду атрофи он, шинондани дарахтони ороиширо таъкид кард. Имрӯзҳо дар ноҳияи Яшнободи пойтахт корҳои созандагӣ дар ҷӯшу хуруш аст. Дар ин бобат минтақаҳои сабз аҳамияти муҳим доранд. Ҳамин тариқ, байни кӯчаи Абдулло Қодирӣ ва роҳи ҳалқаи хурд боғи Элбек ҷойгир шудааст. Сарвари давлатамон оид ба ҳифзи ин боғ ва васеъ намудани шароит барои фароғати мардум дастурҳо дод.
Президент сохтмони аэропорти «Тошкент — Восточный»-ро низ аз назар гузаронд. Майдони умумии фурудгоҳ 693 гектар хоҳад буд. Тибқи лоиҳа, он дорои хати парвози 4-километрӣ, терминалҳои замонавӣ, ангарҳо ва перронҳо хоҳад буд. Аэропорт бо таҷҳизоти муосири радиотехникӣ ва метеорологии дараҷаи ICAO III-А муҷаҳҳаз хоҳад шуд, ки ҳатто дар шароити номусоиди обу ҳаво парвоз ва фуруд омаданро таъмин мекунад.
Имрӯз дар ин ҷо хати парвоз ва бинои терминали VIP сохта шудааст. Президент ин иншоотҳоро аз назар гузаронида, доир ба маблағгузории марҳилаҳои навбатии сохтмон, таҷдиди назар намудани симои терминал ва шароити қабули ҳайатҳо дастуру супоришҳо дод.