Президентҳои Ӯзбекистон ва Русия мулоқоти телефонӣ анҷом доданд

    11 ноябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти телефонӣ анҷом доданд.

    Масъалаҳои муҳими рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ва иттифоқии байни Ӯзбекистон ва Русия дар партави татбиқи созишҳои сатҳи олӣ баррасӣ гардиданд.

    Ба нигоҳ доштани суръати афзоиши мубодилаи мол, рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт, аз ҷумла, лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи энергетика, густариши робитаҳои соҳибкорӣ ва табодули фарҳангӣ-гуманитарии минтақаҳо диққати махсус дода шуд.

    Босамар анҷом ёфтани ҷамъомади дуюми Шӯрои минтақавии Ӯзбекистон ва Русия, ки 22 октябри соли ҷорӣ дар вилояти Маскав баргузор шуд, бо қаноатмандӣ зикр гардид.

    Аҳамияти самарабахш гузаронидани ҷамъомади навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ӯзбекистон ва Русия, ки 3 декабр баргузор мешавад, инчунин форуми муштараки тиҷоратӣ дар доираи он, таъкид гардид.

    Ҳамчунин доир ба масъалаҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуда, нақшаи чорабиниҳои ояндаро баррасӣ карданд.



    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates