Президентҳои Ӯзбекистон ва Беларус масъалаҳои густариши ҳамкории амалиро баррасӣ карданд

    30 август миёни Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ баргузор гардид.

    Сарвари кишвари мо бо самимият Президенти Беларусро ба муносибати зодрӯзаш табрик гуфта, барояш саломатии мустаҳкам, саодатмандӣ ва муваффақиятҳои нав, инчунин сулҳу шукуфоиро ба халқи дӯсту бародари Беларус орзу намуд.

    Дар навбати худ, Президенти Беларус раҳбари Ӯзбекистон ва мардуми бисёрмиллатаи кишварро ба муносибати Рӯзи истиқлолияти дарпешистода самимона табрик намуда, рушду устувор ва пешрафт таманно кард.

    Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои минбаъдаи густариши муносибатҳои шарикии гуногунҷанбаи байни Ӯзбекистон ва Беларус дар заминаи татбиқи амалии тавофуқоте, ки дар доираи сафари Президенти Беларус Александр Лукашенко ба Ӯзбекистон дар моҳи феврали соли гузашта ба даст омада буданд, баррасӣ гардиданд.

    Бо қаноатмандӣ қайд карда шуд, ки тамосҳо ва мубодилаҳо дар сатҳҳои гуногун босамар идома доранд. Ҳаҷми гардиши мол аз аввали сол 30 фоиз афзудааст. Лоиҳаҳои кооператсионии корхонаҳои пешсаф дар соҳаҳои кишоварзӣ, электротехника, мошинсозӣ, нассоҷӣ ва дигар бахшҳо татбиқ мешаванд. Ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ низ фаъолона рушд мекунанд.

    Сарони Ӯзбекистон ва Беларус ҳамчунин ҷадвали мулоқотҳо ва чорабиниҳои дуҷонибаи дарпешистодаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates