Президенти Ӯзбекистон ва роҳбари БАТР масъалаҳои густариши минбаъдаи шарикии бисёрҷанбаро баррасӣ карданд

    Ҳукумат 1 Dekabr 2023 2788

    1 декабр дар ҳошияи ҳамоиши умумиҷаҳонии иқлим Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Одил Рено-Бассо мулоқот анҷом дод.

    Масъалаҳои кунунии тавсеаи ҳамкориҳои амалӣ бо ин ниҳоди бонуфузи молиявӣ баррасӣ шуданд.

    Сарвари давлат дар оғози мулоқот ба натиҷаҳои пурсамари ҷаласаи Шӯрои идоракунандагони БАТР дар моҳи майи соли ҷорӣ дар Самарқанд баҳои баланд дод.

    Бо камоли қаноатмандӣ қайд карда шуд, ки сармоягузориҳои Бонк дар кишвари мо аз 3,5 миллиард евро гузашта, дар ин бобат ба ҳиссаи бахши хусусӣ 60 фоизи портфели лоиҳа рост меояд.

    Изҳори боварӣ карда шуд, ки Стратегияи шарикии кишвар, ки таҳия шуда истодааст, имкон медиҳад, сифат ва миқёси ҳамкориҳо, пеш аз ҳама дар самтҳои рушди соҳибкории хурду миёна, соҳибкории занон, ҷорӣ намудани механизмҳои шарикии давлатию хусусӣ, хусусигардонӣ дар сектори бонкӣ, нав кардани системаҳои ирригатсионӣ, рушди инфрасохтори роҳ ва дигар соҳаҳои саноат ба таври назаррас баланд бардошта шавад.

    Ба масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар доираи татбиқи барномаи рушди энергияи барқароршаванда дар кишвари мо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

    Масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои сармоягузорони хориҷӣ дар соли оянда низ баррасӣ шуданд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates