Дар оғози суҳбат роҳбари Русия сарвари давлати моро бо зодрӯзаш самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом, бахту саодат ва дар фаъолияти давлатӣ ба хотири рушди устувор ва шукуфоии Ӯзбекистон аз самими қалб муваффақият таманно намуд.

Сарони ду давлат масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, нигоҳ доштани динамикаи гардиши мол ва пешбурди лоиҳаҳои муҳими ҳамкориҳои саноатиро баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин аҳамияти идомаи робита ва табодули судманд дар сатҳи байниминтақавӣ қайд карда шуд.

Оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.