Президентҳои Ўзбекистон ва Туркия дар Самарқанд мулоқот анҷом доданд

    Ҳукумат 16 Sentabr 2022 5434

    16 сентябр дар доираи Ҳамоиши самарқандии СҲШ мулоқоти  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған ба амал омад.

    Реҷеп Таййип Эрдоған Президенти Ӯзбекистонро бо баргузории бомуваффақияти нишасти СҲШ табрик гуфта, барои даъвати ширкат кардан ба сифати меҳмони фахрӣ изҳори миннатдории самимӣ кард.

    Зимни мулоқот сарони давлатҳо доир ба масъалаҳои фаъолгардонии ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Туркия, ки ба эҳтироми тарафайн, дӯстӣ ва эътимод асос ёфтааст, табодули афкор намуданд.

    Аҳамияти таҳкими минбаъдаи робитаҳои сиёсию дипломатӣ, байнипарлумонӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар партави ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ расонидани муносибатҳои дуҷониба махсусан қайд карда шуд.

    Ҷонибҳо аз ба дараҷаи назаррас фаъол шудани робитаҳои мутақобила дар доираи татбиқи созишномаҳо, ки дар сатҳи олӣ дар Тошканд 29-30 марти соли 2022 ба даст омадаанд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

    Байни ду мамлакат афзоиши назарраси нишондиҳандаҳои савдо ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла, соли гузашта афзоиш бештар аз 60 фоизро ташкил дод.

    Шумораи корхонахои муштарак аз 2000 гузашт. Танҳо аз аввали соли ҷорӣ ба маблағи тақрибан ним миллиард доллар сармоя азхуд карда шуд.

    Ширкатҳои туркӣ ба ширкат дар раванди хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ дар Ӯзбекистон таваҷҷуҳи зиёд доранд.

    Созишномаҳои минбаъда оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи кишоварзӣ, нақлиёт, электротехника, саноати бофандагӣ ва чарм, масолеҳи сохтмон, инноватсия, технологияҳои баланд, сайёҳӣ ва фарҳанг ба даст омаданд.

    Саноати энергетика ҳамчун соҳаи пешомаднок қайд карда мешавад. Солҳои охир ҷонибҳо лоиҳаҳоро ба маблағи қариб 1 миллиард доллар амалӣ мекунанд.

    Дар мулоқот инчунин ҷадвали чорабиниҳои дарпешистода, аз ҷумла дар доираи ҳамоиши ба нақша гирифташудаи Созмони давлатҳои туркӣ дар Самарқанд баррасӣ шуд.

    Мулоқоти президентҳои Ӯзбекистон ва Туркия чун анъана дар фазои самимӣ, эътимод ва дӯстӣ сурат гирифт.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates