Сарвари ҳукумати Арманистон роҳбари кишвари моро бо пирӯзии боварибахшаш дар интихоботи президентӣ самимона табрик гуфта, ба ӯ муваффақияти бузург ва шукуфоӣ орзу кард.

Зимни суҳбат аҳамияти баргузории ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматӣ ва чорабиниҳои муштараки тиҷоратӣ ҷиҳати пешбурди лоиҳаҳои ҳамкории амалӣ алоҳида қайд карда шуд.