Президенти Ӯзбекистон раванди татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузориро бо АМА баррасӣ кард

    Дар мулоқот роҳбари ширкати “Masdar” Муҳаммад Ҷамил Ал-Рамаҳӣ, роҳбари ширкати “Etihad Water & Electricity” Юсуф Ал-Алӣ ва роҳбари ширкати “TAQA Water Solutions” Аҳмад ал-Шамсӣ низ иштирок карданд.

    Дар оғози мулоқот вазир ба сарвари давлатамон саломи Президенти АМА Шайх Муҳаммад Ол Наҳаён, Сарвазир ва Амири Дубай Шайх Муҳаммад Ол Мактум, ноиби Президент Шайх Мансур Ол Наҳаён ва валиаҳди Аморати Абу-Дабӣ Шайх Холид Оли Наҳаёнро расонд.

    Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва шарикии стратегии Ӯзбекистон ва АМА баррасӣ шуд.

    Рушди босуръати ҳамкориҳо дар тамоми самтҳо бо қаноатмандӣ қайд гардид. Ҳаҷми мубодилаи мол, шумораи корхонаҳои муштарак ва парвозҳои байни кишварҳо пайваста меафзояд. Бастаи лоиҳаҳо ба 20 миллиард доллар расидааст.

    Чораҳои омодасозӣ ва пешбурди лоиҳаҳо дар бахшҳои нақлиёту логистика, хӯрокворӣ, кону металлургия, энергетика ва дигар самтҳои афзалиятнок баррасӣ шуд.

    Солҳои охир дар соҳаи энергетика танҳо бо ширкати “Masdar” дар минтақаҳои Ӯзбекистон 6 лоиҳа бо арзиши умумии 1,5 миллиард доллар амалӣ гардид.

    Имрӯз дар вилояти Бухоро неругоҳи навбатии барқи офтобӣ ва низоми нигоҳдории энергия ба кор дароварда шуд, дар вилояти Қашқадарё бошад, сохтмони чунин иншоот бо арзиши беш аз 600 миллион доллар оғоз ёфт.

    Роҳбарони ширкатҳои АМА ба Президент дар бораи нақшаҳои сохтмони неругоҳҳои барқи бодӣ ва иқтидорҳои нигоҳдории энергия, неругоҳҳои барқи обӣ, инчунин рафти бунёди иншооти обтозакунӣ маълумот доданд.


    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates