Президенти Ӯзбекистон дар Саммити навбатии Созмони давлатҳои турк иштирок мекунад

    Сиёсат 5 Oktabr 2025 2540

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев 6–7 октябр бо сафари корӣ ба ин кишвар меравад.

    Сарвари давлати мо дар чорабиниҳои Саммити навбатии Созмони давлатҳои турк, ки дар шаҳри Габала баргузор мешаванд, ширкат хоҳад кард.

    Ба рӯзномаи ҷаласа, ки таҳти мавзӯи «Амният ва сулҳи минтақавӣ» доир мегардад, масъалаҳои муҳими рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи Созмон шомил шудаанд.

    Дар доираи саммит дурнамои ҳамкориҳои амалӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, инноватсионӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, нақлиёту коммуникатсионӣ, гуманитарӣ ва дигари афзалиятнок баррасӣ хоҳанд шуд.

    Сарварони ҳайатҳо инчунин оид ба ҷанбаҳои асосии сиёсати байналмилалӣ мубодилаи афкор мекунанд.

    Дар натиҷаи саммит қабули як қатор қарорҳо ва ҳуҷҷатҳо ба нақша гирифта шудааст, ки ба густариш ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои судманди байни кишварҳои иштирокчии Созмон равона мешаванд.

    No date selected
    November 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates