Президенти Ӯзбекистон бо роҳбарони ширкат ва банкҳои пешқадами Фаронса вохӯрд

    Ҳукумат 21 Noyabr 2022 4315

    Имрӯз, 21 ноябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар чаҳорчӯби сафари расмии худ ба Фаронса дар шаҳри Париж бо раҳбарони ширкатҳо ва сохторҳои молии ин кишвар мулоқот анҷом дод.

    Дар чорабинӣ директори генералии Ҷунбиши соҳибкории "MEDEF"-и Фаронса Филипп Готе, роҳбарони тақрибан 20 ширкату бонкҳои калон, аз қабили "Airbus", "Orano", "Suez", "Alstom", "Total Eren", "EDF", "Schneider Electric", "Natixis" ва ғайра ширкат доштанд.

    Президент Шавкат Мирзиёев иштироккунандагони ин мулоқотро хайра мақдам гуфта, диққатро ба он ҷалб намуд, ки рӯзи аввали барномаи сафари расмиаш ба рӯзномаи тиҷоратӣ бахшида шудааст.

    – Ин бори дигар дар бораи пайравии қатъии Ӯзбекистон ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Фаронса – шарики муҳиму боэътимоди мо шаҳодат медиҳад, – гуфт сарвари давлатамон.

    Таъкид гардид, ки имрӯз дар Ӯзбекистон барои сармоягузорони хориҷӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд. Бозори асъор озод карда шуд, тамоми маҳдудиятҳо барои ба ватан баргардонидани фоидаҳо аз байн бардошта шуданд, барномаи хусусигардонии бонкҳо, иншооти бузурги саноатӣ ва инфрасохторӣ оғоз гардид, механизмҳои шарикии давлатию хусусӣ фаъолона ҷорӣ карда мешаванд.

    Мувофиқи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав оид ба ҳавасмандгардонии минбаъдаи соҳибкорӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорон, дахлнопазирии моликияти хусусӣ ва самтҳои дигар чорабиниҳои аниқ татбиқ карда мешаванд.

    – Мо ба он кӯшиш мекунем, ки Ўзбекистонро бо сармоягузори хориҷӣ, пеш аз ҳама, бо субот ва пешгӯишаванда пайвандем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Зимнан зикр гардид, ки дар шароити кунунии нооромӣ дар ҷаҳон амиқтар шудани ҳамкориҳои гуногунҷанба ва созанда бо дарназардошти манфиатҳои ҳамдигар ва эътимоди мутақобила аҳамияти хоса дорад.

    Дар ин замина барои ба бозори Ӯзбекистон ворид шудани соҳибкории Фаронса дурнамои бузурги тиҷоратӣ вуҷуд дорад. Ҷолибияти он инчунин дар он аст, ки он аз ҷиҳати аҳолӣ калонтарин кишвари Осиёи Марказӣ аст, маҳсулоти Ӯзбекистон ба бозори пуриқтидори кишварҳои ИДМ бидуни боҷ ворид мешавад.

    Омодагӣ ба таъмини соҳибкорони Фаронса бо тамоми инфрасохтори зарурии истеҳсолӣ, дастгирии васеъ дар шакли имтиёзҳо ва хариди кафолатнок, инчунин пешниҳоди чораҳои дигари кумакрасонӣ изҳор гардид.

    Президент Шавкат Мирзиёев барои ҳамкории дарозмуддат ва ба ҳамдигар муфид, аз ҷумла созмон додани истеҳсоли якҷояи молҳои арзиши иловагиашон баланд, энергетикаи «сабз», саноати хӯрокворӣ, кимиё ва автомобилсозӣ, электротехника ва электроника, нигаҳдории тандурустӣ самтҳои пешомаднок муайян намуд.

    Дар бораи нақшаҳои густариши шарикӣ мубодилаи муфассали афкор сурат гирифт. Намояндагони доираҳои тиҷоратии Фаронса дар баромадҳои худ ба ислоҳоти иқтисодие, ки дар Ӯзбекистон татбиқ мегарданд, баҳои баланд доданд. Изҳор доштанд, ки дар кишвари мо чӣ гуна лоиҳаҳои мушаххасро амалӣ менамоянд.

    Сарвари давлатамон бо ҳар як узви ҳайати соҳибкорони Фаронса суҳбат карда, соҳибкоронро даъват намуд, ки ба кишвари мо ташриф оранд ва боварӣ ҳосил кунанд, ки Ӯзбекистон беҳтарин макони сармоягузорӣ аст.

    Дар ҷамъбасти вохӯрӣ ба роҳбарони масъули ҷониби Ӯзбекистон супориш дода шуд, ки Нақшаи тадбирҳои амалиро бо дохил намудани тамоми ташаббусҳои садодода ва нишон додани механизмҳои марҳила ба марҳила, мӯҳлатҳои мушаххас ва иҷрокунандагон таҳия ва тасдиқ намоянд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates