Президент бо фермерони Хоразм вохӯрд

    Ҳукумат 31 Mart 2023 4496

    Президент Шавкат Мирзиёев ба саҳрои кластери тухмипарварии «Хоразм фахри»-и ноҳияи Янгиобод ташриф овард.

    Майдони умумии ин кластер 286 гектарро ташкил дода, аз он дар 147 гектараш ғалладона, 122 гектараш пахта кошта шудааст. Шумораи коргарони доимӣ 45 нафарро ташкил медиҳад.

    Сарвари давлат нашӯънамои киштзорро аз назар гузаронда, ба навъҳои гандуму пахта ва ҳосили дарахтони мевадиҳанда таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

    Чи хеле ки маълум аст, Хоразм минтақаи камоб ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ дар ин ҷо оид ба истифода бурдани технологияҳои сарфакунандаи об дар кишоварзӣ чораҳо андешида мешаванд. Як қисми майдони гандум ба воситаи обёрии қатравӣ шодоб гардонда мешавад. Байни қаторҳои боғи нави себ сабзӣ, пиёз ва шалғам барин зироатҳо шинонда шудаанд.

    Президент таъкид кард, ки чунин таҷрибаи ихтиёрдории самарабахши замин бояд паҳн карда шавад.

    Дар кишвари мо майдонҳои аз ғалла холишуда барои бекорон ҷиҳати рӯёндани зироати такрорӣ дода мешаванд. Дар кластери тухмипарварии «Хоразм фахри» ба 80 нафар сокинони маҳаллӣ барои парвариши сабзавот 30 гектар замин ҷудо карда шудааст. Имсол ба нақша гирифта шудааст, ки боз ба 26 нафар бекорони дигар замин ҷудо карда шавад.

    Дар ин ҷо Президент бо кормандони соҳаи кишоварзӣ, намояндагони хоҷагиҳои фермерӣ ва деҳқонӣ суҳбат кард. Аҳамияти рӯёндани зироати кишоварзии ба шароити хоки Хоразм мувофиқ, инчунин саноатикунонии хоҷагии қишлоқ қайд карда шуд.

    Бо ҳамин сафари Президент Шавкат Мирзиёев ба вилояти Хоразм анҷом ёфт.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates