Президент бо рафти корҳои созандагӣ дар боғи нав шинос шуд

    Ҳукумат 9 Iyul 2021 4225

    1 майи соли равон дар боғи «Ӯзбекистони нав» аввалин ниҳолҳо шинонда шуда, кабудизоркунии ҳудуд оғоз ёфта буд. Имрӯзҳо дар ин ҷо корҳои васеъмиқёси сохтмонӣ ва ободонӣ идома доранд. Зиёда аз ду ҳазор нафар бинокорон ва коргарон, беш аз 200 адад техникаи махсус ҷалб карда шудааст.

    Президент Шавкат Мирзиёев 9 июл бо рафти корҳои созандагие, ки дар ин ҷо гузаронда мешаванд, шинос шуд.

    Консепсияи боғ дар худ таърихи давлатдории миллӣ, саъю кӯшишҳои имрӯзаи халқи мо ва мақсадҳои Эҳёи сеюмро таҷассум менамояд. Намуди умумии боғи майдонаш 104 гектар шакли панҷ шохаи дарахти ба самтҳои Стратегияи амалиёт монандро хоҳад дошт. Дар ин ҷо боғи боҳашам бо чунин дарахтони ороишӣ аз қабили шоҳбулут, булут, заранг, сафедор, дарахтони лола, ёс, бутта ва гулҳо доман хоҳад густурд.

    Дар ҳудуди боғ маҷмӯи «Истиқлол» бунёд меёбад. Иншоот таҷассуми таърихи 3000-солаи халқи мо, дастовардҳои бузурги гузаштагони мо, инъикоси худшиносии миллӣ ва симои нави Ӯзбекистон хоҳад гардид. Дар айни замон таҳкурсии ин иншооти азим гузошта шуда, насби басти пӯлодии он оғоз ёфт.

    Инчунин дар майдони беш аз як гектар амфитеатри дорои 5 ҳазор ҷойи нишаст сохта мешавад. Дар оянда дар ин ҷо ҷашнҳои миллии идона, чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ баргузор мешаванд. Маҷмӯа бо низоми замонавии равшанидиҳӣ ва акустика муҷаҳҳаз хоҳад шуд. Ҳоло дар ин ҷо минбари тамошобинон насб карда, чаҳорчӯбаи саҳна шинонда шудааст.

    Дар боғ инчунин кӯли сунъӣ бо масоҳати 6 гектар, майдончаҳои варзишӣ ва бачагона, сайру гашт ва фаввораҳо бунёд карда мешванд. Имрӯзҳо майдончаҳои сохтмонӣ омода шуда, системаҳои обёрӣ ва заҳкашӣ сохта мешаванд.

    Сарвари давлат инчунин ниҳолҳои дарахтони ороиширо, ки дар боғ шинонда мешаванд, аз назар гузаронд.

    Дар қаламрави шафати боғ воқеъ дар ҳамон ноҳияи Қибрай сохтмони шаҳраки олимпӣ, донишгоҳ, клиника, муассисаҳои савдову фароғатӣ идома доранд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates