Президент аз корхонаи дорусозӣ дар ноҳияи Янгиҳаёт боздид кард

    Ҳукумат 25 Iyun 2021 7672

    Сарвари давлат бо фаъолияти ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Dentafill Plyus" дар ноҳияи Янгиҳаёти пойтахт шинос шуд.

    Корхона соли 2019 ба истифода дода шудааст. Таҷҳизоти замонавӣ аз Швейтсария, Олмон, Туркия, Чин, Ҷопон, Малайзия ва Кореяи Ҷанубӣ оварда, насб карда шудааст. Имрӯзҳо дар ин ҷо зиёда аз 172 намуди доруҳои ба беш аз 20 гурӯҳи фармакологӣ марбут, инчунин маҳсулоти тиббӣ истеҳсол карда мешаванд. Иқтидори солона 60 миллион адад мебошад.

    Президент воситаҳои дорувории корхонаро аз назар гузаронд.

    - Пештар имкониятҳои бузург дар соҳаи дорусозӣ истифода намешуданд. Ҳоло ҳам доруҳо аз хориҷ бо харҷи зиёд ворид карда мешаванд. Барои ҳамин мо пойгоҳро мустаҳкам мекунем. Мо ба тайёркунии кадрҳо, ҷорӣ кардани инноватсияҳо ва рушди илм афзалияти аввалиндараҷа медиҳем. Минбаъд истеҳсолот ҳам сифатнок хоҳад шуд, -- гуфт сарвари давлат.

    Зарурати ба корхона ҷалб кардани донишҷӯёни донишкадаи дорусозӣ, назарияро бо амалия мутобиқ гузарондан зикр гардид.

    Корхона бо ширкатҳои пешрафтаи дорусозии Аврупо, Донишкадаи химияи растаниҳо ва Донишкадаи кимиё ва физикаи полимерҳои Академияи илмҳои Ӯзбекистон ҳамкории муваффақиятнок ба роҳ мондааст. Ин ба таъмини сифат ва васеъ кардани номгӯи маҳсулот мусоидат мекунад.

    Сатҳи маҳалсозӣ дар корхона ба 65 фоиз расид. Истеҳсоли доруҳои тазриқӣ дар ампулаҳои полимерӣ бо истифода аз технологияи BFS-и Швейтсария азхуд карда шуд. Инчунин технологияи истеҳсоли дастпӯшакҳои латексии ҷарроҳӣ низ аз худ карда шудааст. Корхона 360 нафарро бо кор таъмин намудааст.

    Ҳамасола 25 миллион адад маҳсулот ба Кувайт, Русия, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Афғонистон содир карда мешавад.

    Дар ҷаҳон талабот ба доруҳо аз ашёи хоми табиӣ меафзояд. Корхона оид ба экстрактасияи гиёҳҳои шифобахши дар мамлакати мо парваришшаванда, аз онҳо истеҳсол намудани маҳсулоти гуногун тадқиқот мегузаронад.

    Инчунин ба Президент дар бораи ҷараёни сохтмони кластери инноватсионии дорусозии "Tashkent Pharma Park" дар ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд маълумот дода шуд.

    Дар ин ҷо сарвари давлат бо журналистон суҳбат кард.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates