Президент бо ҷавонон самимона суҳбат кард

    Ҳукумат 25 Noyabr 2022 8726

    Сарвари давлатамон бо ҷавонони Навоӣ суҳбат кард.

    — Ба куҷое наравам, кӯшиш мекунам, ки бо ҷавонон бештар вохӯрам. Мо дар стратегияи рушд ва барномаҳои минтақавӣ дар назди худ ҳадафҳои бузург гузоштаем. Агар ташкилотҳои давлатӣ, роҳбарони тамоми зинаҳо бо масъалаи ҷавонон пурра сару кор нашаванд, ин ҳадафҳо амалӣ намешаванд, — гуфт Президент.

    Ҷавонони вилоят дар тамоми соҳаҳо истеъдод ва фаъолияти худро нишон медиҳанд. Онҳо имсол оид ба шумораи донишҷӯёни ба мактабҳои олӣ қабулшуда дар ҷумҳурӣ ҷои якумро гирифтанд. Аксари ғолибони олимпиадаҳои илмии байналмилалӣ ва озмунҳои бонуфуз низ навоигиҳо мебошанд.

    Имсол барои рушди соҳибкорӣ байни ҷавонони номуташаккил 50 миллиард сӯм ҷудо карда шуд, 13 ҳазору 700 нафар ҷавонписарону духтарон ба кори шахсии худ шурӯъ намуданд. 1600 гектар майдони кишт ҷудо карда, зиёда аз 6 ҳазор нафар ҷавонон бо кор таъмин карда шуданд. Ба донишҷӯёни шароиташон душвор барои таҳсил аз рӯи шартнома ба маблағи умумии 6,5 миллиард сӯм пул дода шуд.

    — Комёбиҳои ҷавонони Навоӣ, бешубҳа, ҳисси ифтихори ҳамаи моро бедор мекунад. Аммо набояд бо дастовардҳо ба кор хотима бахшид. Боз мо чӣ корро анҷом дода метавонем, то ки орзуву ниёзро ба амал татбиқ намоем ва фардои ҷавононамонро таъмин созем? Чӣ тавр мо метавонем ба шумо дар азхудкунии дониш ва касб, кушодани иқтидоратон кӯмак кунем? Ин суолҳо маро ором намегузоранд, — гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Президент фикру мулоҳиза ва таклифҳои ҷавононро шунид. Вазифа гузошта шуд, ки платформаи наве ба кор андохта шавад, ки ба ҷавонон барои омӯхтан ва пайдо кардани касбҳои дар бозори меҳнат серталаб кӯмак мерасонад.

    Ба воситаи Фонди дастгирии соҳибкорӣ ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба минтақаҳои саноатӣ, бо об таъмин намудани чарогоҳҳо, дастгирии ташаббуси чорводорон дастурҳо дода шуданд.

    Аҳамияти оммавӣ гардонидани варзиш дар байни ҷавонон тавассути ташкили мактаби махсуси варзишӣ ва сексияҳои варзишӣ дар маҳаллаҳои Навоӣ қайд карда шуд. Зарурати аз ҳисоби Фонди ҷавонон бо китобу асбобҳои мусиқӣ таъмин намудани 325 мактаби вилоят, зиёд намудани чорабиниҳои фарҳангӣ зикр гардид.

    Дар рафти ҷамъомад қарор кабул шуд, ки таҷрибаи вилояти Навоӣ оид ба татбиқи ташаббусҳои ба миён гузошташуда ба вуҷуд оварда шавад. Ҳадафи асосии ин низом рушди корҳои маънавию маърифатӣ, шуғли аҳолӣ ва ташкили пурмазмуни вақти холии ҷавонон хоҳад буд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates