Лого Лого-пв-уз

    Сарвари давлат саъю кӯшиши ҷавононро ба касбомӯзӣ дастгирӣ намуд

    Ҳукумат 21 Aprel 2022 1298

    Сарвари давлат аз мономаркази «Ишга марҳамат»-и ноҳияи Косон дидан кард.

    Дар ин ҷо омӯзиши тақрибан 20 касб дар соҳаҳои технология ва хизматрасонӣ ба роҳ монда шудааст.  Кабинетҳои таълимию амалӣ бо таҷҳизоти зарурӣ, компютерҳо, макетҳо ва дигар муҷаҳҳаз гардонда шудаанд.

    Аз ҳама муҳимаш, дар ин ҷо одамони синну солашон гуногун метавонанд таҳсил кунанд. Ба ин ҷо ҳар каси хоҳишманд, аз ҷумла бекорони муваққатӣ омада метавонад. Бо истифода аз ин фурсат сокинони маҳаллӣ касбҳои барқгар, челонгар, кафшергар, ошпаз, қаннодӣ, сартарошӣ, дӯзандагиро азхуд мекунанд, ки дар бозори меҳнат талаботи зиёд доранд. Мутахассисони Олмон, Туркия ва Ҷопон ҷалб шудаанд, ки стандартҳои байналмилалии омӯзишро ҷорӣ мекунанд. Дар назди марказ курсҳои забонҳои хориҷӣ ташкил карда шудааст.

    Дар марказ аз 2 то 6 моҳ шаҳрвандони бекор на танҳо аз Косон, балки аз ноҳияҳои ҳамсоя низ таҳсил мекунанд.

    Президент Шавкат Мирзиёев бо шароити дар марказ фароҳам овардашуда шинос шуда, бо ҷавононе, ки дар марказ касб меомӯзанд, суҳбат орост.

    — Хурсандам, ки шумо ба ояндаи худ бетафовут набуда, барои азхуд кардани касбу кор кӯшиш мекунед. Чаро мо чунин марказҳоро таъсис медиҳем? Пештар ҷавонон барои омӯхтани касб ба Тошканд ва ё дигар шаҳрҳо мерафтанд. Ҳоло ин шароит ба назди чавонон омада истодааст. Мақсади мо аз он иборат аст, ки аҳолӣ маҳорати касбӣ дошта бошад. Одами соҳиби касб бекор намемонад, ҳама ба ӯ занг мезананд. Аз ин рӯ, шумо бояд аз ин имкониятҳо истифода бурда, роҳи худро ёбед», — гуфт роҳбари давлат.

    No date selected
    July 2022
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates