Рушди инфрасохтори роҳ ва фароҳам овардани шароити қулай барои ҳаракати нақлиёт яке аз вазифаҳои муҳим барои пойтахт ба ҳисоб меравад, зеро аҳолӣ ва масоҳати шаҳр босуръат афзоиш меёбанд. Аз ин рӯ, дар Тошканд пайваста роҳҳо ва пулҳои муосир сохта шуда, роҳҳои мавҷуда мувофиқи стандартҳои замонавӣ таҷдид мегарданд.
Кӯчаи Шота Руставели яке аз хиёбонҳои марказӣ мебошад, ки якчанд ноҳияҳои пойтахтро ба ҳам мепайвандад. Барои беҳтар намудани ҷараёни ҳаракати нақлиёт, қисмати роҳ аз кӯчаи Миробад то кӯчаи Чоштепа бо дарозии қариб 7 километр пурра таҷдид карда шуд.
Ҳоло ҳаракат дар ин кӯча аз рӯи 10 хат ташкил ёфтааст: шаш хат барои автомобилҳо, ду хат барои автобусҳо ва ду хат барои таваққуфгоҳ пешбинӣ шудааст.
Президент ҳамроҳи намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо автобус аз кӯчаи таҷдидшуда гузашта, бо имкониятҳо шинос гардид ва бо мусофирон суҳбат намуд.
Бори аввал дар Тошканд бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта системаи BRT (Bus Rapid Transit) — хатҳои махсус барои нақлиёти ҷамъиятӣ ҷорӣ карда шуд. Ин навоварӣ ҳаракати автобусҳоро тезтар ва шароити мусофиронро беҳтар намуд.
Дар натиҷаи татбиқи лоиҳае, ки арзиши он 19,2 миллион доллар аст, ҷараёни мусофирон аз 2,5 ҳазор то 6 ҳазор нафар дар як соат афзуд. Қобилияти гузариши роҳ ба 40 ҳазор мошин дар як шабонарӯз расид, суръати миёнаи ҳаракат бошад, аз 23 то 30 км/соат зиёд гардид.
Муҳимтар аз ҳама, сатҳи амният боло рафт ва шумораи ҳодисаҳои нақлиётӣ ба таври назаррас коҳиш ёфт.
Дар доираи лоиҳа 21 истгоҳи нави автобус, 463 чароғи “ақлманд”, системаи интеллектуалии нақлиёт, инчунин таваққуфгоҳҳо, роҳҳои велосипедронӣ, минтақаҳои сабзкорӣ ва системаи обёриву дренаж насб гардиданд.
Дар ҳамин ҷо ба Президент оид ба васеъ кардани шабакаи хатҳои махсуси автобус ва таъсиси гиреҳи нақлиётӣ дар атрофи пойтахт лоиҳаҳо муаррифӣ шуданд.
– Агар мо хатҳои нави метро намесохтем ва автобусҳои замонавӣ намехаридем, имрӯз ҳаракат дар Тошканд ниҳоят мушкил мегардид. Аз ин рӯ, мо роҳҳоро беҳтар намуда, нақлиёти ҷамъиятиро рушд медиҳем, то барои мардум осон бошад. Чунин корро дар ҳамаи шаҳрҳои худ идома медиҳем, – таъкид кард Президент.
Президент ба шахсони масъул супориш дод, ки шароити истифодаи нақлиёти ҷамъиятиро беҳтар намоянд, чораҳо барои коҳиш додани бандшавии роҳҳо андешанд ва алоқаи самараноки нақлиётӣ байни Тошканд ва Тошканди Навро таъмин кунанд.
Кӯчаи таҷдидшудаи Шота Руставели на танҳо симои пойтахтро зебо гардонд, балки рамзи гузариши Тошканд ба системаи муосиру зеҳнии нақлиёт гардид.