Сарвари
давлат дар оғози суханронӣ тамоми писару духтарони мамлакатро бо ҷашн самимона
табрик гуфт.
–
Мо аз рӯзҳои нахустини оғози ислоҳот, дастгирии ҷавонон, фароҳам овардани
шароит барои амалӣ гардидани орзуву мақсадҳои онҳоро чун яке аз самтҳои
афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян кардаем, – гуфт Президент.
Солҳои
охир дар ин самт низоми комилан нав ташаккул ёфт. Дар ҳар як маҳалла фаъолияти
сардори ҷавонон роҳандозӣ шуда, барои дастгирии ташаббусҳои ҷавонон, таъмини шуғл,
таҳсил, соҳиби касбу ҳунар намудан ва оғози фаъолияти соҳибкорӣ имкониятҳои
васеъ фароҳам оварда шуданд. Рӯзи панҷшанбеи ҳар ҳафта чун «Рӯзи ҷавонон»
муайян гардида, вазорату идораҳо барои омӯхтани мушкилоти ҷавонон ва дарёфти роҳҳои
ҳалли онҳо вазифадор шуданд.
Дар
натиҷаи корҳое, ки амалӣ гардиданд, тавассути низоми «Дафтари ҷавонон»
мушкилоти беш аз 1,5 миллион ҷавон ҳал карда шуд. Шумораи соҳибкорони ҷавон панҷ
баробар афзуда, аз 287 ҳазор нафар гузашт. Теъдоди писару духтароне, ки забонҳои
хориҷиро босамар (интенсив) меомӯзанд, ба 3,5 миллион нафар расид. Донишомӯзу
донишҷӯёни боистеъдод дар олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалии фаннӣ 434-то,
варзишгарони ҷавон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 2245-то медал ба даст оварданд.
Сарвари
давлат ба масъалаи дар шароити кунунии рақобати ҷаҳонӣ пеш аз ҳама, бо сатҳи
дониш, технология ва сармояи инсонӣ муайян гардидани бартарии давлатҳо таваҷҷуҳ
зоҳир кард.
–
Бидонед, ки акнун давлатҳо на бо ҳудуд, балки бо дониш, на бо шумораи аҳолӣ,
балки бо технологияҳо, на бо захираҳои табиӣ, балки бо сармояи инсонии худ
вориди майдони рақобат мешаванд. “Иқтисодиёти донишҳо”-и нав, ки маҳсули илм,
дониш ва тафаккур мебошад, ба неруи ҳалкунанда табдил меёбад, – гуфт Президент.
Роҳбари
давлат аз ҷавонон даъват намуд, ки ворисони муносиби ниёгони бузурги худ бошанд
ва дар бунёди пойдевори Эҳёи сеюми Ӯзбекистони Нав саҳм гузоранд.
Дар
мулоқот Президент ба иштироки дастаи мунтахаби миллии Ӯзбекистон дар мусобиқаи Ҷоми
ҷаҳони футбол низ таваққуф кард. Таъкид гардид, ки футболбозони кишвар
тавассути рақобат бо ҳарифони тавоно таҷрибаи бузург андӯхта, голҳои нахустини
Аббос Файзуллоев ва Элдор Шомуродов дар чемпионати ҷаҳон ба мардум шодии зиёд
бахшиданд.
–
Ба аъзои тими миллӣ, ки шарафи Ватанамонро ҳимоя карданд, бо эҳсосоти зиёдатӣ
эрод гирифтан ё аз онҳо айб ҷустан, ба мардуми мо хос нест. Баръакс, имрӯз
дастгирӣ ва рӯҳбаланд намудани онҳо аз ҳар вақти дигар муҳимтар аст, – гуфт
Президент.
Зикр
гардид, ки пирӯзиҳои бузург ҳанӯз дар пешанд, барои ин таваҷҷуҳ ба футболи кӯдакон
пурзӯр гардида, футбол ба ҳаракати умумимиллӣ табдил меёбад ва омодагӣ ба Ҷоми
Осиё, ки моҳи январи соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, аз ҳоло
оғоз хоҳад ёфт.
Президент
дониш, касб ва технологияро ҳамчун муҳимтарин такягоҳи ҷавонон барои пайдо
кардани ҷойгоҳи муносиб дар зиндагӣ арзёбӣ намуд.
Бо
ин мақсад низоми «Экосистемаи донишҳои оянда» роҳандозӣ мешавад, ки ҳар сол дар
доираи он 500 ҳазор ҷавон касбҳои замонавиро хоҳанд омӯхт. Ба ҷавононе, ки хоҳиши
таъсиси марказҳои таълимӣ доранд, қитъаҳои замин ва иншооти давлатӣ бо шартҳои
имтиёзнок тақдим мегарданд. Инфрасохтори зарурӣ аз ҳисоби давлат муҳайё
гардида, ставкаи кредит барои сохтмон ва таҷҳизонидани марказҳо ҷуброн карда мешавад.
Барои
ҷавононе, ки соҳибкасбанд, вале мехоҳанд малакаҳои навро аз худ кунанд,
«ваучери касбӣ» ҷорӣ карда мешавад. Ҳар сол барои 50 ҳазор нафар ҷавон хароҷоти
бозомӯзии касбҳои замонавӣ аз ҳисоби қарзҳои бефоиз пардохт хоҳад шуд. Барои
дар марказҳои хусусии таълимӣ касб омӯхтани 85 ҳазор нафар ҷавонони бекори оилаҳои
ниёзманд ваучери ройгон тақдим мегардад. Соли ҷорӣ барои татбиқи ин низом 120
миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.
Барои
дастгирии ҷавонони аз парастории падару модар маҳрумшуда, онҳое, ки хидмати ҳарбӣ,
муҳоҷират ё муҳлати ҷазоро адо кардаанд, наврасони имконияти ҷисмонияшон маҳдуд,
бастаи «Қадами аввалини кафолатнок» ҷорӣ мегардад. Ҳамчунин дар доираи барномаи
«Устод – талаба» донишҷӯёне, ки ба ҷавонони номуттаҳид кумак мерасонанд, ҳавасманд
карда мешаванд.
Инчунин,
барномаи «Мини-франшизаи ҷавонон» ба кор шурӯъ хоҳад кард. Ба писару духтароне,
ки франшизаи брендҳои маҳаллиро харидорӣ мекунанд, аз Хазинаи соҳибкории ҷавонон
то 300 миллион сӯм ссудаи бефоиз дода мешавад. Барои татбиқи ин барномаҳо 500
миллиард сӯм равона мегардад.
Барои
ҷавонон Хабҳои ҷавонон таъсис меёбанд, ки дар онҳо имкони истифодаи
хизматрасониҳо оид ба омӯзиши касбу забон, таъмини шуғл, фаъолияти соҳибкорӣ
дар асоси тамоюли «равзанаи ягона» роҳандозӣ мешаванд. Ин таҷриба нахуст дар
Сурхондарё оғоз ёфта, тадриҷан дар минтақаҳои дигар низ ҷорӣ мегарданд.
Бо
мақсади таҳкими эътимод ба ҷавонон дар низоми идоракунии давлатӣ аз рӯйи панҷ
самт барномаи «TOP-100» амалӣ мегардад. Ғолибон мукофотонида шуда, ба вазифаҳои
роҳбарӣ тавсия мешаванд. Ҳар як вазорат ва соҳа дар самти худ ҷавонони соҳибистеъдодро
интихоб намуда, барои таҷрибаомӯзӣ ба созмонҳои байналмилалӣ мефиристад. Нақшаи
ҳамасола барои чунин таҷрибаомӯзиҳо фиристодани 2 ҳазор нафар ҷавон таҳия
мегардад.
Аз
рӯйи дастгирии стартапҳои инноватсионӣ низ вазифаҳои нав муайян гардиданд.
–
Мо нақша дорем, ки то соли 2030 ҳаҷми иқтисодиётро аз 240 миллиард доллар зиёд
намоем. Барои расидан ба ин ҳадаф стартапҳои инноватсионӣ лозиманд, ки ба ҳамаи
соҳаҳо ғояҳои навро ворид созанд, – гуфт Сарвари давлат.
Гуфта
шуд, ки тӯли нӯҳ соли охир экосистемаи стартапҳои маҳаллӣ 15 баробар рушд
карда, аз 4 миллиард доллар афзуд, зиёда аз 1200 лоиҳаи стартапи ояндадор ба вуҷуд
омаданд. Минбаъд ҳар як вазир, роҳбари соҳа ва ҳоким лоиҳаи «Ба ҳазор масъала –
ҳазор роҳи ҳал аз ҷавонон»-ро роҳандозӣ мекунад. Агентии корҳои ҷавонон ба 100
лоиҳаи беҳтарин дар самтҳои тиҷорат, технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёти
креативӣ то 1 миллиард сӯм сармоягузорӣ менамояд.
Барои
ҷавонон дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ имкониятҳои боз ҳам
васеътар фароҳам мегарданд. Дар Маркази «Ҳукумати рақамӣ» нахустин кластери
суперкомпютерӣ ба фаъолият шурӯъ кард ва соли оянда иқтидори он се баробар зиёд
карда мешавад. Соли ҷорӣ дар 20 боргоҳи таълими олӣ озмоишгоҳҳои зеҳни сунъӣ
таъсис меёбанд. Ҷавонон аз ин имкониятҳо ройгон истифода намуда, барои ҳалли
мушкилоти минтақа ва соҳаҳои гуногун пешниҳодҳо таҳия менамоянд.
Аз
ҳисоби таъсиси паркҳои нави технологияҳои иттилоотӣ барои зиёда аз 20 ҳазор ҷавон
ҷойҳои кори сердаромад муҳайё мегарданд. Дар доираи барномаи «Аввалин компютери
ман» ба 10 ҳазор фарзандони оилаҳои ниёзманд барои хариди ноутбук кӯмак
расонида мешавад.
Барои
донишҷӯёне, ки дар самтҳои технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ таҳсил
мегиранд, низоми “таҳсилоти дуалӣ” густариш меёбад. Стипендияи давлатии ба номи
Муҳаммад ал-Хоразмӣ ва барои духтарони соҳибистеъдод стипендияи «Духтарони муҳандис»
ҷорӣ мешавад. Мукофоти 1 миллиард сӯмина, ки барои ғолибони олимпиадаҳои
байналмилалӣ тақдим мегардад, минбаъд ба ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ оид
ба зеҳни сунъӣ низ супорида мешавад.
Бо
ин мақсад озмуни «Меҳри Ватан – ташаббусҳои иҷтимоӣ» ва лоиҳаи «Қанот», ки ба
дастгирии кӯдакони гурӯҳи хатари иҷтимоӣ нигаронида шудааст, роҳандозӣ
мегарданд. Барои ба лоиҳаҳои амалӣ табдил додани ғояҳое, ки дар доираи
«Марафони ташаббусҳои ҷавонон» пешбарӣ мешаванд, «Дафтари ташаббусҳо» таъсис
ёфта, барои ин корҳо 50 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.
Президент
ба падару модарон низ муроҷиат намуда, таъкид кард, ки пойдевори мустаҳкам
барои камолоти фарзанд, ояндаи дурахшони ӯ пеш аз ҳама, дар оила гузошта
мешавад. Аз падару модарон даъват намуд, ки дар шароити мураккаби кунунӣ, ки
босуръат тағйир меёбад, ба тарбияи фарзанд беш аз пеш боэътибор ва
бомасъулияттар бошанд.
Дар
вохӯрӣ бо ҷавонон мулоқоти кушод сурат гирифт. Онҳо пешниҳод ва ташаббусҳои
худро иброз доштанд.
Сарвари
давлат дар анҷоми мулоқот аз писару духтарон даъват кард, ки ба сӯи марраҳои
бузург дилпурона талош намоянд, дониш, касб ва технологияҳои муосирро ба таври
комил аз худ кунанд.
–
Ман ғайрату шуҷоат, талош ба донишандӯзӣ ва кӯшишҳои шуморо барои навоварӣ
дида, доим руҳбаланд мегардам. Барои фатҳи марраҳои бузург устуворона қадам
гузоред, омӯзед, дониши нав, касби нав ва технологияҳои муосирро аз худ кунед,
аз душвориҳо наҳаросед, аз меҳнат нагурезед! Фаромӯш накунед, ки дар пушти шумо
падару модаратон ҳастанд, ки бо умедҳои бузург шуморо ба камол расонидаанд,
устодону мураббиёне ҳастанд, ки баҳратон таълиму тарбия дода, касб омӯхтаанд ва
Президент ҳаст, ки ба шумо ҳамеша такягоҳу пуштибон мешавад, бовар мекунад ва
доим дастгирӣ менамояд, – гуфт Президент Шавкат Мирзиёев.