Президент муҳим будани рушди шарикии васеъмиқёси тиҷоратии байни Ӯзбекистон ва Малайзияро таъкид кард

    Дар доираи барномаи сафари расмӣ дар шаҳри Куала-Лумпур Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Сарвазири Малайзия Анвар Иброҳим дар кори форуми муштараки тиҷоратӣ иштирок намуданд.

    Дар ин чорабинӣ зиёда аз 200 роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои пешбар, институтҳои сармоягузорӣ ва молиявию бонкӣ аз ҳар ду кишвар ҳузур доштанд. Соҳибкории малайзиягӣ бо ширкатҳое чун Petronas, MMC Corporation, DRB-Hicom, Gemilang Coachwork, Proton, Gentari, Five Petroleum, YTL Corporation, Sunview Group, KPJ Healthcare, MK Tron, Mimos, Sparco Engineering, Tradewinds Group, Kapital DX, Gamuda, Westports, Khazanah, EXIM Bank of Malaysia ва дигарон муаррифӣ шуд.

    Дар суханронии худ сарвари кишвари мо таъкид кард, ки дар ҷараёни гуфтушунидҳои пурмаҳсули сатҳи олӣ, ки имрӯз баргузор шуданд, дар бораи оғози давраи дусолаи рушди инноватсионии шарикии Ӯзбекистон ва Малайзия мувофиқа ҳосил гардид, инчунин самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои амалии дуҷониба муайян карда шуданд.

    Бо қаноатмандии махсус қайд гардид, ки соли гузашта Комиссияи байниҳукуматӣ ва Шӯрои тиҷоратӣ таъсис дода шуд, инчунин як қатор чорабиниҳои бузург бо иштироки соҳибкорони ду кишвар баргузор гардиданд.

    Сарфи назар аз фосилаи ҷуғрофӣ, имкониятҳо дар соҳаи нақлиёт ва логистика васеъ мегарданд. Ҳар рӯз қариб парвозҳои мустақим байни пойтахтҳо анҷом дода мешаванд.

    Дар ҷараёни гуфтушунидҳо захираҳои мавҷуда бодиққат таҳлил ва нуқтаҳои нави рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба муайян карда шуданд.

    Созиш ҳосил гардид, ки ҳаҷми гардиши мол чанд маротиба афзоиш ёбад, созишномаи тиҷорати преференсиалӣ таҳия гардад, намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳои мутақобила баргузор карда шаванд. Як силсила лоиҳаҳои муштарак омода ва Барномаи ҳамкориҳои саноатӣ таҳия карда шуд.

    – Ҳадафи мо ба сатҳи шарикии стратегӣ баровардани муносибатҳо мебошад, – таъкид намуд Президент.

    Малайзия барои Ӯзбекистон ҳамчун шарики муҳими инноватсионӣ ва технологӣ маҳсуб мебошад. Дар ин замина, сарвари кишвари мо як қатор самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратии Ӯзбекистон ва Малайзияро таъкид намуд.

    Пеш аз ҳама, ин тавсеаи ҳамкории дарозмуддат дар соҳаи электроника ва саноати нимноқилҳо мебошад. Имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи зеҳни сунъӣ, технологияҳои рақамӣ ва таъсиси марказҳои додаҳо қайд гардиданд.

    Самтҳои муҳим соҳаҳои газокимиёвӣ ва кимиёвӣ мебошанд. Айни ҳол корҳо оид ба омодасозии лоиҳаҳои стратегии истеҳсоли полимерҳо, гидрогени «сабз» ва аммиак идома доранд.

    Рушди босуръати соҳаи сохтмон ба масолеҳи инноватсионӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза талаботи зиёде фароҳам меорад. Президенти Ӯзбекистон ширкатҳои малайзиягиро ба иштирок дар таъсиси истеҳсолоти муосир ва корҳои сохтмонии васеъ дар минтақаҳои кишвари мо даъват намуд.

    Имкониятҳои ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаи тандурустӣ қайд шуданд. Сухан дар бораи сохтмони клиникаҳои муосир ва истеҳсоли дорувориҳои инноватсионӣ бо истифода аз таҷрибаи пешқадами Малайзия меравад.

    Ба имкониятҳои васеъ дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ ишора карда шуд. Дар ин замина, ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои кишоварзии “оқил», истеҳсоли маҳсулоти органикӣ ва истифодаи стандартҳои «ҳалол» манфиатдорь изҳор гардид.

    Сарвари давлати мо ҳамчунин ширкатҳо ва бонкҳои пешбари Малайзияро ба иштироки фаъол дар хусусигардонии активҳои давлатӣ дар соҳаҳои телекоммуникатсия, энергетика, низоми бонкӣ-молиявӣ ва дигар бахшҳои Ӯзбекистон даъват намуд.

    Илова бар ин, имкониятҳои васеи ҳамкорӣ дар чунин самтҳо, ба монанди геология, маориф, нақлиёт ва сайёҳии зиёратӣ қайд гардиданд.

    Президент бо қаноатмандӣ зикр кард, ки соҳибкорони малайзиягӣ ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд ва омодаанд, ки технология ва донишҳои худро бащам бинанд.

    Ба ин муносибат, эълон шуд, ки дар вилояти Тошканд таҳти идораи як ширкати малайзиягӣ минтақаи махсуси иқтисодӣ таъсис дода мешавад.

    Дар охири суханронии худ роҳбари давлати мо пешниҳод кард, ки форуми навбатии муштараки соҳибкорӣ тирамоҳи ҳамин сол дар Ӯзбекистон баргузор карда шавад.


    No date selected
    March 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates