Озмуни «Беҳтарин стартап дар соҳаи технологияҳои рақамӣ» аз соли 2023 аз ҷониби дирексияи Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ бо дастгирии Вазорати технологияҳои рақамӣ баргузор мешавад. Фонди умумии ҷоиза 1 миллион долларро ташкил медиҳад.
Дар озмун барҷастатарин лоиҳаҳо дар самти зеҳни сунъӣ, технологияҳои иҷтимоӣ, MicroSaaS ва AdTech, технологияҳои молиявӣ ва соҳибкорӣ, барномаҳои бозӣ, инчунин дар самти махсус – хакатон интихоб карда мешаванд.
Агар дар мусобиқаи аввал зиёда аз чор ҳазор нафар иштирок карда бошанд, то соли 2025 шумораи онҳо ба шаш ҳазор расидааст. Шумораи дастаҳо аз 444 то 862 афзудааст.
Ғолибони озмун ба Сарвари давлатамон дар бораи стартап-лоиҳаҳои худ, афзалиятҳо ва истифодаи амалии онҳо маълумот доданд.
– Мо омодаем шароити заруриро фароҳам оварем, то стартапҳои хурд ба лоиҳаҳои бузург ва бизнеси даромадовар табдил ёбанд. Барои ин бояд бо ҳар як стартапер муколама барқарор карда, ба ӯ ёрии зарурӣ расонда шавад, – гуфт Президент.
Таъкид шуд, ки аз ҳисоби дастгирии манфиатҳои ҷавонон барои касбҳои оянда замина гузошта мешавад ва ба стартапҳои ҷавонони мо кишварҳои хориҷӣ низ таваҷҷуҳи зиёд доранд.
Президент, бо ишора ба он ки маблағгузории дастгирии стартапҳо афзоиш дода мешавад, тавсияҳои худро нисбат ба он иброз намуд, ки дар кадом соҳа ва самтҳо нигоҳи тоза ва ғояҳои нави ҷавонон бештар талабот доранд.