Сафар аз зиёрати мақбараи Баҳоуддин Нақшбанд, воқеъ дар ноҳияи Когон оғоз гардид. Дар ин ҷо тиловати Қуръон намуда, барои сулҳу осоиш ва накӯаҳволии мардум дуо карда шуд.

Хоҷа Муҳаммад Баҳоуддин Нақшбанд мутафаккири бузургест, ки дар асри XIV зиндагӣ кардааст ва асосгузори тариқати нақшбандияи тасаввуф мебошад. Маҷмааи меъморие, ки дар атрофи мақбараи ӯ тайи асрҳо ташаккул ёфтааст, имрӯз низ яке аз зиёратгоҳҳои муътабари ҷаҳони ислом ба ҳисоб меравад.

Маҷмааи меъмории Баҳоуддин Нақшбанд, ки ҳамарӯза қариб 15 ҳазор нафар зиёрат мекунанд, дар ҳайати долони «Роҳи Абрешим: Зарафшон – Қароқум» ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудааст.

Солҳои охир ҷиҳати ҳифзи симои таърихии маҷмаа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиёраткунандагон корҳои шоиста анҷом ёфтанд. Мадрасаи «Дониёлбий оталиқ» ва дарвозаи «Тоқи миёна» дар асоси нақшаҳои меъмории асри XV таъмир гардида, экспозитсияи осорхона ва маркази илмиву таҳқиқотӣ ташкил гардиданд.

Президент таъкид кард, ки Бухоро тӯли асрҳо дар рушди исломи маърифатпарвар нақши муҳим доштааст. Ба таври амиқ омӯхтани ин мероси ғании маънавӣ, истифодаи босамари он дар тарбияи насли наврас ва ҳидоят намудани онҳо ба илму маърифат муҳим арзёбӣ гардид.

– Маркази тамаддуни исломӣ, маҷмааҳое, ки бо номи ниёи мо Имом Бухорӣ ва Имом Мотуридӣ пайванд доранд, ин ҳама ба як мақсад – идомаи мероси илмии ниёгони бузургамон ва тарбияи ҷавонон дар ҳамин рӯҳия хидмат мекунанд, – гуфт Сарвари давлат.