Президентҳо аз натиҷаҳои пурсамари гуфтушунид изҳори қаноатмандӣ карданд

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко пас аз музокирот барои намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ баёнот доданд.

    Натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ, Форуми байниминтақавӣ ва ҷаласаи Шӯрои соҳибкорон, ки дар арафаи сафар баргузор шуданд, бо қаноатмандӣ қайд карда шуданд. Пеш аз ин ректорони мактабҳои олӣ ва роҳбарони муассисаҳои тиббӣ вохӯрданд.

    Президенти Ӯзбекистон таваҷҷуҳи рӯзноманигоронро ба тағйироти сифатӣ дар ҳамкориҳои Ӯзбекистону Белорус дар солҳои охир ҷалб намуд. Фаъолияти робитаҳо дар ҳама сатҳҳо, афзоиши гардиши мол, лоиҳаҳои ҳамкорӣ, барқарор намудани табодули фарҳангиву гуманитарӣ ва парвозҳои мустақим қайд гардид.

    Роҳбарон хабар доданд, ки гуфтушунидҳои муфассал сурат гирифта, доираи васеи муносибатҳои Ӯзбекистону Белорус ба таври муфассал баррасӣ гардида, афзалиятҳо ва ҳадафҳои рушди шарикии бисёрҷанба муайян карда шуданд.
    Пайравӣ ба амиқсозии муколама дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ – Созмони Милали Муттаҳид, ИДМ, СҲШ тасдиқ карда шуданд.

    Ба масъалаҳои зиёд кардани муомилоти мол диққати махсус дода шуд. Раҳбарони ду кишвар ҳадаф гузоштанд, ки дар солҳои наздик ҳаҷми онро ба беш аз 1 миллиард доллар расонанд.

    Бо ин мақсадҳо дар бораи таъсиси ширкати муштараки тиҷорати хориҷӣ ва ҷорӣ намудани механизмҳои дастгирии таъминоти тиҷоратӣ тавофуқ ҳосил шуд.

    Самтҳои афзалиятноки кооператсияи саноатӣ муайян карда шуданд. Инҳо маҷмӯи агросаноатӣ, саноати электротехникӣ ва бофандагӣ, нигаҳдории тандурустӣ ва фармасевтика, шаҳрсозӣ ва хоҷагии коммуналӣ мебошанд.

    Ба истифодаи самараноки иқтидор ва имкониятҳои робитаҳои байниминтақавӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

    Мубодилаҳои фаъол дар соҳаҳои фарҳанг ва санъат, таълими олӣ ва касбӣ, сайёҳӣ, ҷавонон, варзиш давом дода мешаванд. Самтҳои мушаххаси ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян карда шудаанд.

    Ҷонибҳо дар бораи ташкили мунтазами форумҳои тиббӣ, таълимӣ ва сайёҳӣ ба мувофиқа расиданд.

    Изҳори боварӣ карда шуд, ки тавофуқномаҳо ва ҳуҷҷатҳои имзошуда ба таҳкими муносибатҳои дӯстии Ӯзбекистону Белорус ва ғанӣ гардондани шарикии бисёрҷанба бо мазмуни мушаххаси амалӣ мусоидат мекунанд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates