Роҳбарон бинои намояндагии дипломатии Ӯзбекистонро бо тантана кушода, лентаи рамзиро буриданд. Гимнҳои давлатии ҳар ду мамлакат садо доданд.
Сарони давлатҳо бо шароит барои дипломатҳо дар бинои сафорат шинос шуданд.
Дар сафорат барои ташкили самараноки корҳо, ки ба рушди минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ байни ду давлат нигаронида шудааст, тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон дар Китоби меҳмонони фахрии сафорат бо орзуву ниятҳои нек соядаст гузоштанд.