Президентҳо ба қалъаи Хуҷанд ташриф оварданд

    Дар доираи барномаи фарҳангии ҳамоиш дар шаҳри Хуҷанд сарони давлатҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон аз қалъаи Хуҷанд дидан карда, бо таърихи он шинос шуданд.

    Қайд кардан ҷоиз аст, ки сохтмони ин маҷмааи нодир ба асрҳои VI-V то милод рост меояд. Тавассути кофтуковҳои бостоншиносӣ муайян гардид, ки маҳз дар ҳамин давра аввалин қалъа бунёд гардидааст.

    Баъди таҷдиди соли 1999 дар паҳлуи қалъа Осорхонаи кишваршиносӣ кушода шуд, ки дар он зиёда аз 28 ҳазор нигора нигоҳдорӣ мешавад.

    Дар ҷараёни бозсозии охирин деворҳои қалъа, арк ва дарвозаҳо барқарор карда, бинои маъмурӣ ва дӯконҳои косибон сохта шуданд ва намунаҳои ҳавлиҳои қадимии Хуҷанд бунёд гардиданд.

    Дар ҳудуди қалъа маҷмаае бо 5 толори намоишии таърих ва фарҳанги халқи тоҷик бунёд шудааст. Дар 8 ҳавлӣ ҳунармандон ба хаттотӣ, рассомӣ, бофтани адрас, дӯхтани сӯзанӣ, наққошии рӯи санг, оҳангарӣ ва кулолгарӣ машғуланд.

    Сарони кишварҳо бо намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, кишоварзӣ ва таомҳои миллии се давлат шинос шуда, инчунин баромадҳои миллиро тамошо карданд.


    No date selected
    April 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates