Дар ин бора Хадамоти ҳифзи шаҳрвандии иёлат дар шабакаи иҷтимоии X хабар дод.
«Сухан дар бораи ҳавопаймои хусусии Cessna Citation III бо рақами парвози XA-PRO меравад, ки аз шаҳри Акапулко (иёлати Герреро) ба самти шаҳри Толука парвоз мекард. Дар дохили ҳавопаймо ҳашт мусофир ва ду узви экипаж ҳузур доштанд. Тибқи маълумоти ибтидоӣ, шаш нафар ҳалок шудаанд», — омадааст дар хабар.
Хадамоти ҳифзи шаҳрвандӣ илова кардааст, ки корҳои наҷотдиҳӣ дар ҷои ҳодиса идома доранд. Сабаби суқут муайян карда мешавад, хабар медиҳад report.az.








