Ҳангоми суқути ҳавопаймои сабукмотор дар Флорида на камтар аз ду нафар ҳалок шуданд

    Дар Корал Спрингс, воқеъ дар наздикии шаҳри Майамии иёлати Флорида (ИМА), бар асари ба кӯл суқут кардани як ҳавопаймои хурд дастикам ду нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора NBC News бо такя ба маълумоти полис маълумот додааст.

    Тибқи маълумотҳо, ҳавопаймои Beechcraft King Air соати 10:14 бо вақти шарқӣ ба самти Ямайка парвоз кардааст, то дар доираи корҳои наҷотдиҳӣ пас аз тӯфони «Мелисса» иштирок намояд, гуфт намояндаи фурудгоҳи Форт-Лодердейл.

    Шабакаи телевизионӣ шумораи дақиқи мусофирони дохили ҳавопайморо маълум накардааст.

    Мақомот ҳоло дар ҷои ҳодиса кор мебаранд ва сабабу шароити фоҷиа мавриди таҳқиқ қарор дорад, менависад report.az.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates