Корманди ҳокимият, бо истинод ба гӯё тартиб додани рӯйхати иншооти савдо ва дигар объектҳое, ки дар соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳияи Учтепа бояд тахриб (вайрон) карда шаванд, аз як соҳибкор 3 ҳазор доллар талаб намудааст.

Бар иваз ин ӯ ваъда додааст, ки тавассути робитаҳои худ бо мансабдорони баландпояи маъмурияти ноҳия мағозаи ба соҳибкор тааллуқдоштаро ба ин рӯйхат ворид намекунад ва аз вайрон шудани он пешгирӣ хоҳад кард.

Ӯ ҳангоми гирифтани маблағи талабшуда аз соҳибкор бо далели шайъӣ дастгир карда шуд.

Аз рӯи ин ҳолат бо банди «в» қисми 3 моддаи 168 (қаллобӣ дар ҳаҷми калон) ва қисми 1 моддаи 211 тавассути моддаи 28 (додани пора) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, нисбат ба боздоштшуда чораи пешгирӣ дар шакли ҳабс интихоб шудааст. Тафтишот идома дорад.