Консулгарии генералии Ӯзбекистон якҷоя бо намояндагии Агентии муҳоҷирати назди Девони Вазирон барои расонидани кумаки фаврӣ ва тахассусии тиббӣ ба модари кӯдакон, дастрас намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз ҷониби Русия ва расондани тамоми аъзои оила ба фурудгоҳи Новосибирск тадбирҳои зарурӣ андешиданд, хабар медиҳад АИ «Дунё».
Пас аз дар муҳлати кӯтоҳтарин дастрас намудани ҳамаи ҳуҷҷатҳо, оилаи ҳамватанон рӯзи 28 ноябр бо рейси ширкати ҳавопаймоии «Uzbekistan Airways» ба вилояти Фарғона баргаштанд.