«Ҳама чиз аз он гувоҳӣ медиҳад, ки сабаби ҳалокати ҳавопаймо носозии техникӣ будааст», гуфт ӯ ба шабакаи телевизионии Al-Jazeera.
Қаблан сарвари Ҳукумати ваҳдати миллии Либия Абделҳамид Дбейба хабар дода буд, ки дар натиҷаи ҳалокати ҳавопаймое, ки чанде пас аз парвоз аз Анқара аз радарҳо ғайб зад, Али ал-Ҳаддод ва ҳамроҳонаш ба ҳалокат расидаанд. Пештар вазири корҳои дохилии Туркия Али Ерликая иттилоъ дода буд, ки дар ҳавопаймои аз Анқара парвозкарда сардори Ситоди артиши Либия Муҳаммад ал-Ҳаддод ҳузур дошт. Ба гуфтаи ӯ, ҳавопаймои Falcon 50 бо рақами бақайдгирии 9H-DFJ соати 20:10 аз фурудгоҳи Эсенбогаи Анқара парвоз карда, алоқа бо он соати 20:52 (ба вақти Маскав) қатъ шудааст. Ҳавопаймо дар наздикии ноҳияи Ҳаймана сигнали фуруд омадани фавқулодда додааст, хабар медиҳад ria.ru.