Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қабул шуд

    Президенти Ўзбекистон ба Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон» (ҚҶӮ № 982 аз 25 октябри соли 2024) имзо кард.

    Мувофиқи Қонун, Девони Вазирони ҷумҳурӣ мақомоти олии ҳокимияти иҷроия буда, кори самарабахши иқтисодиёт, соҳаҳои иҷтимоӣ ва маънавӣ, иҷрои Конститутсия ва қонунҳо, қарорҳои палатаҳои Олий Маҷлис, фармон, қарор ва фармойишҳои Президентро таъмин менамояд.

    Девони Вазирон мақоми коллегиалӣ буда, системаи ягонаи ҳокимияти иҷроияро дар Ӯзбекистон роҳбарӣ мекунад.

    Девони Вазирон дар фаъолияти худ дар назди Олий Маҷлис ва Президент масъул мебошад.

    Ба системаи ягонаи мақомоти ҳокимияти иҷроияи ҷумҳуриявӣ вазоратҳо, кумитаҳо, агентиҳо ва инспексияҳо дохил мешаванд.

    Девони Вазирон аз аъзои Ҳукумат – Сарвазир, муовинони ӯ ва вазирон иборат аст. Ба таркиби Девони Вазирон аз рӯи вазифа сарвари ҳукумати Ҷумҳурии Қароқалпоқистон дохил мешавад.

    Қонун аз рӯзи интишори расмиаш эътибор пайдо мекунад, хабар медиҳад Вазорати адлия.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates